Ovozi.uz

Бар хидмати халқ камар бубаста…

Зиндагӣ саҳнаеро мемонад, ки дар он ҳар инсоне намоишномаи худро менависад ва нақш бозӣ мекунад. Ин саҳна ва ин нақш ду тазодро таҷассум месозад: хайр ва шар, муборизаи равшанӣ ва торикӣ. Аз рӯзи азал ин ду нерӯ дар замири инсон ҷой доштааст ва муборизаро дар саҳнаи ҳаёт пуршиддат гардонидааст. Аммо Саъдӣ мефармояд, «тани одами шариф аст ба ҷони одамият», яъне ҷони одамият аст, ки ба инсон шарофат меорад, мақоми ӯро камол мебахшад, халоқиятро ба зуҳур мерасонад. Аз ин ҷост, ки инсонҳо ба илму маърифат рӯ меоранд, бунёдкорӣ мекунанд, тамаддунҳоро месозанд. Ҳар инсоне дар мақоми худ амалеро анҷом медиҳад ва дар байни онҳо танҳо ононе, ки донишманд, фурӯтан, дарёдил, меҳнатдӯст ҳастанду дар тинати хеш хислатҳои ҳамидаро сириштаанд, соҳиби эҳтирому эътибор мегарданд.
Як инсонро мешиносам, ки дар худ тамоми ин хислатҳои хубро муҷассам намудааст. Ин марди накӯному накӯкирдор раиси шӯъбаи вилоятии Бунёди ҷамоатии хайриявии «Маҳалла» дар Самарқанд, раиси Шӯрои вилоятии Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» Акбар Ахтамов мебошад, ки ҳамеша ба хидмати халқ камарбаста аст.
Акбар Ахтамов 6‑уми октябри соли 1954 дар ноҳияи Пастдарғам ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби ҳамагонӣ, таҳсилро дар Донишкадаи роҳи нақлиётии Тошканд идома медиҳад ва соли 1978 ин боргоҳи бонуфузи таълимиро аз рӯи ихтисоси муҳандис-­механик бомуваффақият хатм мекунад.
Фаъолияти меҳнатии худро дар Садорати нақлиёти «Ҷиззах чӯлқурилиш» ба ҳайси муҳандиси калон оид ба истеҳсолот оғоз менамояд. Пас аз як сол фаъолияти кории худро дар Садорати корхонаи ихтисосонидаи «Автотеххизмат»-и вилояти Самарқанд идома дода, то соли 1995 дар ӯҳдадориҳои усто, муҳандис, ҷонишини директор босамар кор мекунад. Баъд раиси идораи «Самарқанд Автотеххизмат» таъин гардида, то ба соли 2020 ба ҳайси сарвар корҳои шоёни таҳсинро анҷом медиҳад.
Акбар Ахтамов дар давоми беш аз сӣ сол чун роҳбар кор карда, чун инсони хоксор, фарди поктинату некандеш ва шахси дар дӯстӣ вафодор ба дилу дидаи пиру ҷавон роҳ меёбад.
Ҳар инсонеро, ки ба қабули ӯ мемоад, хушу самимӣ қабул мекард. Вақте аз наздик бо ин марди ташаббускор ҳамсуҳбат мешавед, гӯё ӯро солҳо боз мешиносед.
Акбар Ахтамов ба маънои воқеӣ инсони хушзабону хушмуомила, бомаданияту хирадманданд. Худованд ба ин марди фидокор хислатҳои хуби инсонӣ, аз ҷумла ростқавлӣ, покзабонӣ, фурӯтанӣ, инсондӯстӣ, мардумсолорӣ ва накӯкориро фаровон ато намудааст. Маҳз чунин фазилатҳои неки инсонӣ буд, ки тӯли умр пастию баландиҳои зиндагиро муваффақона паси сар намуда, аз имтиҳонҳои ҳаёт сарбаландона гузаштааст ва ба комёбиҳо ноил гардидааст.
Агар гӯем, ки аҳли шаҳри Самарқанд Акбар Ахтамовро хуб мешиносанд, муболиға нахоҳад шуд. Чунки дар чорабиние агар ҳамроҳ иштирок кунем, аксари ҳозирин барои ҳолпурсиву суҳбати ин мард мешитобанд ва ҳамеша ҳурматашро ба ҷо мегузоранд.
Имрӯзҳо дар саросари мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ — омодагӣ ба интихоботи депутатҳо ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ идома дорад. Дар рафти чорабиниҳои таблиғотӣ Акбар Ахтамов чун раиси шӯрои вилоятӣ фаъол иштирок карда, барои тарғиби ғояҳои Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» аз таҳти дил ҷонбозӣ менамояд. Чун фарди ватандӯсту халқпарвар, мекӯшад, ки дар ҳар нафас барои рушди кишварамон саҳм гузорад.
Акбар Ахтамов дар баробари сарвари кордону ташаббускор будан, шахси оиладӯст ҳастанду ҳамсари меҳрубону бовафо ва фарзандону набераҳои донишманд доранд. Ҳамроҳи ҳамсари азизашон Фирӯза Раҳимова зиёда аз 45 соли умри худро бо ҳам гузаронида, як писару чор духтарро ба воя расонидаанд. Ҳоло ҳамаи онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд ва баҳри пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.
Ба қарибӣ Акбар Ахтамов 70‑солагии худро ҷашн мегиранд ва дар ин синни муборак низ дар фикри омӯхтани илму маърифат, тарғиб намудани ғояҳои бунёдкорӣ ва бо роҳи дуруст тарбия кардани насли наврас мебошанд. бо як сухан, имрӯз зиндагиномаи мавсуф барои фарзандону пайвандон, шогирдону наслҳои ҷавон дарси ибрат аст.
Мо ин марди хирадманду фаъолро бо ҳафтодумин соли умри шарифашон аз таҳти дил табрик гуфта, барояшон тансиҳатӣ, сарбаландӣ, хушиҳои рӯзгор ва хонаободиро таманно мекунем:
Рӯзи мавлуди шумо шоиста бод,
Хуррамиву хушдилӣ пайваста бод.
Армуғони мо дар ин рӯзи мурод
Даста-даста ҳадяву гулдаста бод.

Баҳодур РАҲМОНОВ.