Дахолат ё назорат?
Аксарияти падару модарон дар поёни рӯзи кории вазнину пурмашаққат хаставу бемадор ба хона баргарданд ҳам, баъд аз хӯрдани хӯроки шом ва каме истироҳат ҳамроҳи фарзандони мактабхони худ зуд ба иҷрои вазифаи хонагии онҳо шурӯъ ва соатҳо бо онҳо дарс мекунанд. Ин, албатта, барои ҳамаи волидон ҳам осон набуда, баъд аз рӯзи корӣ онҳоро боз ҳам хастатар мекунад. Саволҳое ба миён меоянд, ки чаро падару модаре, ки то шом меҳнат кардааст, бояд боз ду-се соати дигар бо фарзандаш дарс карда, асабҳои мондашудаашро боз ранҷ диҳад? Вазифаи хонагиро худи бача иҷро кунад намешавад? Чаро падарону модарон ба ҷои назорат дахолат мекунанд?
Ба ин якчанд сабабҳоро тахмин кардан мумкин аст: ё донишомӯз зеҳни кунд дорад, ё муаллимаш камтаҷриба аст ва ё супоришҳои хонагӣ, ки дар асоси барномаи таълими давлатӣ пешниҳод мешаванд, воқеан ба донишомӯз гаронӣ мекунанд. Ё айби худи волидон аст, ки аз ҳад зиёд ба дарстайёркуниҳои фарзанди худ дахолат мекунанд. Зеро баъзе волидон намегузоранд, ки худи бача мустақилона ҳаракат кунад. Метарсанд, ки бачаашон вазифаро хато иҷро кунад, баҳои паст мегирад ва вақте ки муаллим дар синф ё телеграмканали волидони донишомӯзон баҳои фарзанди онҳоро эълон мекунад, обрӯи худу фарзандашон мерезад. Аз ин рӯ, аз ҳад зиёд ба бачаҳояшон кӯмак медиҳанд.
Кӯмак кунем, вале на дар ҳамаи супоришҳо
Донишомӯзон дар ҳалли масъалаҳои математикӣ, аз ёд кардани шеър ва хондани матн ба кӯмаку дастгирӣ ниёзи бештар доранд, — гуфт сокини маҳаллаи Боғи Тиллои ноҳияи Самарқанд Муҳаббат Раббимзода, ки модари ду нафар донишомӯз мебошад. — Аз ин рӯ, қариб ҳар рӯз баъди кор хаставу бемадор ба хона баргардам ҳам, боз то соатҳои 10-11-и шаб ба вазифаҳои хонагии фарзандонам ёрӣ медиҳам. Вале на дар ҳамаи супоришҳо. Масалан, агар фарзандонам роҳи ҳалли масъалаи математикиро фаромӯш карда бошанд, бо дигар масъалаи ба он монанд ба онҳо роҳи ҳалро меомӯзам. Сипас, масъалаи супурдаро худашон кор мекунанд. Дар вақти аз ёд кардани шеър ҳам, агар фарзандонам шеърро ба ман хонда диҳанд, зуд дар хотирашон мемонад ва ҳам ман хатоҳояшонро ислоҳ мекунам.
“Бачаи ман панҷ гирифт!”
Саволи дигар: аслан, ёрии волидон ба нафъи донишомӯз аст ё ба зарари ӯ? Зеро бархе аз волидон супориши хонагии фарзандашонро худашон қисман ё пурра иҷро мекунанд, ки ин ба фарзанди донишомӯзи онҳо ҳеч суде надорад ва баръакс бачаро нодону дангоса мекунад. Боз агар фарзандашон аз мактаб баҳои “5” гирифта ояд, шод ҳам мешаванд, ифтихор ҳам мекунанд, ки “Бачаи ман панҷ гирифт”. Ҳол он ки пурра ё қисми зиёди вазифаи хонагии бачаро худашон иҷро кардаанд.
— Аксарияти падару модарон барои пешқадам шудани фарзандашон қисми зиёди вазифаи хонагии онҳоро худашон иҷро карда медиҳанд, — гуфт муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 37-и ноҳияи Самарқанд Дилшода Аминова. — Вале мувофиқи қонуну қоидаи стандарти таълими давлатӣ донишомӯз супориши хонагиро худаш бояд тайёр кунад. Муаллим роҳу равиши иҷрои осони супоришҳоро ба донишомӯзон фаҳмонад ва донишомӯзон онро дар хона мустақилона иҷро намоянд, беҳтар аст. Волидон танҳо ҳуқуқи назорат кардани ҷараёни дарстайёркунии донишомӯзро доранд. Масалан, «Дарсатро кардӣ?», «Аз математика чӣ гузаштед?», «Чиро фаҳмидӣ? Ба ман ҳам фаҳмонда деҳ», «Аз хониш чиро хондед?» ва ҳоказо. Агар бача ягон вазифаро фаромӯш карда, дар иҷрои он душворӣ кашад, ё вақти хондани матн маънои баъзе ҷумлаҳоро сарфаҳм наравад, он гоҳ падару модар метавонанд танҳо дар ҳамон қисми супориш ба ӯ кӯмак кунанд. Вазифаи донишомӯз дарсро ба диққат гӯш карда, онро пурра фаҳмида, агар нафаҳмад, аз муаллим дубора пурсида, сипас дар асоси фаҳмидаҳои худ иҷро кардани супориши хонагӣ мебошад. Вале аз сабаби он, ки аксарияти бачаҳои имрӯза шӯх ҳастанд ва ба гапи муаллим гӯш намеандозанд, моҳияти дарсро дуруст дарк намекунанд. Ин ба иҷрои супоришҳо ҳам таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ин мақола муаммо ҳаллу фасл нагардидааст, вале аз гуфтаҳои боло низ ба хулосае омадан мумкин аст, ки падару модарон набояд аз ҳад зиёд ба вазифаи хонагии донишомӯзон дахолат кунанд. Баръакс, ба назорати вазифаҳоро иҷро кардани фарзандони худ бештар эътибор диҳанд, хубтар мешавад.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
Баҳои «5» ба волидон!
