Ovozi.uz

Намоишгоҳи байналмилалии «Таълим ва касб — тирамоҳ 2024»

Дар Донишгоҳи байналхалқии сайёҳӣ ва мероси мадании «Роҳи абрешим»-и шаҳри Самарқанд XXVI намоишгоҳи байналмилалии «Таълим ва касб — тирамоҳ 2024» гузаронида шуд.
Намоишгоҳи байналмилалие, ки дар ҳамкории Агентии кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “MY FAIR” ва якчанд ташкилотҳои дигар ташкил гардида ва дар панҷ минтақаи ҷумҳурӣ гузаронида шудани он пешбинӣ шудааст, дар Самарқанд ҳам бо савияи баланд баргузор шуд. Дар он муассисаҳои таълими олии бонуфузи зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон иштирок карданд.
— Барои он, ки муассисаи мо дар Осиёи Марказӣ ягона шумурда мешавад, ҷавонон ба намоишгоҳҳое, ки дар ҷойҳо гузаронида мешаванд, мароқи зиёд зоҳир менамоянд, — гуфт роҳбари Маркази қабул ба кор ва шуғли академияи авиатсияи шаҳрванди Қазоқистон Бӯтакӯз Абилқосимова. — Намоишгоҳи имрӯзаи мо ҳам диққати бисёриҳоро ба худ ҷалб кард. Шароитҳои акдемия, имкониятҳои хониш ба ҷавонони самарқандӣ писанд омад. Имрӯзҳо дар академияи мо қариб 3 ҳазор донишҷӯ таҳсил мегиранд. Зиёда аз 10 дарсади онҳоро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ба таҳсилкунандаи мо сертификатҳои ба талабҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ супурда мешавад.
Дар намоишгоҳ донишомӯзони мактабҳои умумтаълимӣ бо барномаҳои таълимии муассисаҳои таълими олии мувофиқ ба шавқмандии худ шинос шуданд.
— Ба соҳаи сайёҳӣ шавқи зиёд дорам ва аз ин рӯ забони англисиро меомӯзам, — гуфт донишомӯзи мактаби таълими умумии рақами 32-и шаҳри Самарқанд Алиасқар Ҳакимов. — Дар намоишгоҳи имрӯза бо муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ шинос шудам. Дар ман шавқмандӣ ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ зиёд шуд. Ҷолиби диққат аст, ки дар ин соҳа имконияти ҳам таълими масофавӣ ва ҳам кори масофавӣ вуҷуд доштааст.

Ғ.ҲАСАНОВ