Ovozi.uz

Сухан дар бораи Самарқанд: табрикот аз гӯшаҳои дунё

Чанд даҳсола боз ҳар сол дар моҳҳои сентябр-­октябр лоиҳаи маданӣ-­равшаннамоии «Рӯзҳои байналмилалии мактубҳои «Сухан дар бораи Самарқанд: шаҳре, ки мехоҳед дар борааш фикру орзу кунед ва ҳарф занед» баргузор мешавад.
Ҳар сол қариб ба тамоми гӯшаҳои кураи Замин бо ҳазорҳо мактубҳо дар бораи Рӯзи шаҳри Самарқанд қаблан хабар медиҳанд. Аксар вақт ин хабарҳои ахборӣ чун радиои сарафанӣ паҳн мешаванд, онҳоро ба забонҳои гуногун тарҷима мекунанд, дар нашрияҳои даврӣ чоп мегарданд… Ҳамаи ин бисёр сокинони Заминро шавқманд мекунад, ки ба шаҳри мо омада, зебоиҳои онро бо чашмони худ бинанд.
Ин лоиҳа, ки ҳоло анъана шудааст, бисёр сол пеш бо ташаббуси клуби байналмилалии «Эсперанто»-и шаҳри Самарқанд чун як қисми лоиҳаи энсиклопедии «Самаркандиана» («Самарқанднома») роҳандозӣ гардида буд. Дар оғоз онҳо чорабиниҳои якрӯза буданд: шаби мактубҳо, сипас рӯзи мактубҳо, ҳафтаи мактубҳо ва дар охир — марафони байналмилалии думоҳаи мактубҳо (почта) шуд, ки имрӯз низ давом дорад. Ҳоло он танҳо дар майдончаи дипломатияи халқӣ зери паноҳи Маркази илмӣ-маърифатпарварии «Инсон. Маданият. Сулҳ»-и Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд (SIUT) амалӣ мегардад.


Олими маъруф, доктори фанҳои техникӣ, Арбоби шоистаи фан ва техникаи ФР, ихтирокори шоистаи Россия, профессор Валентин Николаевич Михелкевич ба мо аз шаҳри Самара менависад:
«Самарқандиёни азиз! Суханҳои маро дар бораи Самарқанд ба муносибати Рӯзи шаҳри Шумо қабул фармоед. Дар тӯли қариб тамоми таърихи бисёрасраи худ Самарқанд барои пешсафи маданиятҳо ва халқҳо шудан ҷидду ҷаҳд мекард ва дар асли ҳол низ инчунин буд. Ин пешқадамӣ имрӯз низ ба мо бисёр чизҳоро меомӯзад. Мероси Самарқанд — рӯҳафзо, он вақт ва одамонро ба ҳам пайваста, дар даври душвортарини ҳаёт ба одамони алоҳида, инчунин, мамлакат ва халқҳо ҳамчун такягоҳ хизмат мекунад. Аз соҳилҳои дарёи Волга нигоҳ карда, дар арафаи Рӯзи Самарқанд ба ман дарки бародаршаҳрҳо будани ду шаҳри мо хеле мамнуният меорад. Ва бигузор пешсафии таърихии «Гавҳари Шарқ» дар асри XXI чандин бор зиёд мустаҳкам шавад ва дар рафоқати Самарқанду Самара боз ҳам дурахшонтар гардад. Ба ҳамаи сокинони Самарқанд сулҳ, тинҷӣ ва пешрафт мехоҳам. Онҳо имрӯз низ идомадиҳандагони содиқи васиятҳои бунёдкоронаи гузаштагони бузурги худ мебошанд».
Дар воқеъ, бояд гуфт, ки ҳоло Валентин Николаевич кӯҳансолтарин иштирокчии лоиҳаи соли 2024‑ум аст. Дар моҳи майи соли 2025 вай 98‑сола мешавад.


Профессор Темпл Нортап, директори Мактаби журналистика ва медиа­тадқиқотҳои Донишгоҳи давлатии Сан-­Диего, ки дар Калифорнияи офтобрӯяи ИМА воқеъ аст, мактуби худро «Ба шаҳри Самарқанд» номидааст: «Умед мекунам, ки ин мактуб ба шумо дар ҳолати хуби рӯҳбаландиатон мерасад! Ман мехостам ба шумо дар бораи тасаввуроти худам роҷеъ ба Самарқанд — шаҳре, ки ақл ва дилҳоро бо зебогии меъмории беназир ва таърихи ғании диққатҷалбкунанда мафтун мекунад, ҳикоя кунам. Тасаввур кунед, ки шумо дар кӯчаҳое ҳастед, ки ҳаво бӯйҳои муаттар паҳн мекунад ва ба гӯшатон овозҳои хушҳоли серғалоғула мерасанд. Меъмории бошукӯҳи шаҳр бо манораҳои худ ба мо роҷеъ ба империяҳои кӯҳан ва маданиятҳо, ки дар ин ҷо дар давоми асрҳо шукуфтаанд, хабар медиҳанд. Дар кӯчаҳои хурди печдарпеч саргардон шуда, шумо барои худ гавҳарҳои пинҳонро мекушоед: ҳавличаҳои дилкаш, бозорҳои беқарор ва гармии меҳмондории маҳаллиро, ки шуморо водор мекунанд дар бораи таърихи қаблан дар ин ҷо зиндагӣ кардагон андеша кунед. Зебогии Самарқанд аз доираи ёдгориҳои меъмории он берун паҳн шудаанд: он дар рӯҳи сокинони шаҳр — одамони матин, меҳмоннавоз ва бо мероси гузаштагони худ ифтихордошта пинҳон аст.
Ман ба худ ҷоеро тасаввур мекунам, ки гузашта ва муосир бо ҳам ба таври мутаносиб ҳамзистӣ ва ба ҳамаи онҳое, ки ба ин ҷо меоянд, сеҳри олами моро намоён мекунанд.
Самарқанд ҳатто баъд аз он ки ӯро тарк мекунед, таассуроти фаромӯшнашавандаро ба ёди шумо мегузорад.
Ба ҳамаи шумо хуш бошед мегӯям!»
Аҷиб, ки муаллифи мактуби «Ба шаҳри Самарқанд» ҳанӯз ба Самарқанд наомадааст. Вале ҳеҷ шубае нест, ки ташрифи доктор Темпл Нортап ба Самарқанд баргузор мешавад. Чунки вай 4‑уми июли соли гузашта дар Рӯзи истиқлолияти ИМА ба шартнома дар бораи ҳусни тафовум байни Мактаби журналистика ва медиатадқиқотҳо (JMS)-и Донишгоҳи давлатии Сан-­Диего (SDSU) ва Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд имзо гузошта буд.


Мактуб ба Самарқанд аз пойтахти ­Мянма:
«Гавҳари азизи Шарқ! Ту аз ҳама беҳтарин пир шудаӣ, вале ҳамон ҷавонӣ ва бо таърих ва меъмории худ ҳамон беназирӣ. Ман ҳамроҳи дунё боз садҳо миллиард сол зиндагӣ кардани туро орзумандам. Ва ман боварӣ дорам, ки сессияи 43‑уми Сарконференсияи ЮНЕСКО (соли 2025) дар Самарқанд бомуваффақият баргузор мешавад» — доктор Айе Айе Тхин, директори Осорхонаи миллии Мянма, Департаменти бостоншиносӣ ва Музейи миллии Вазорати корҳои дин ва маданият, Нейпидо, Мянма.


Нависанда ва тарҷумони булғорӣ, узви Академияи эсперанто Георги Михалков бо мамнуният аз шаҳри София номаи шодбоше бо ҳамкорони худ тайёр намудааст.
«Ба сокинони шаҳри Самарқанд:
Дӯстони азиз! Аз номи Ассотсиатсияи эсперантои Булғория ва ҳамаи эсперантистони булғорӣ ниятҳои самимии маро ба муносибати ҷашни Рӯзи шаҳри аҷиби шумо қабул фармоед. Шаҳри шумо на танҳо зебо, балки беҳамтост. Меъмории он меҳмононро ба ҳайрат меоварад. Вале ҳеҷ як шаҳри дунё диққатҷалбкунанда ва бетакрор намешавад, агар дар он одамон зиндагӣ накунанд. Сокинони Самарқанд хайрхоҳ ва меҳмондӯст мебошанд. Онҳо на танҳо шаҳри худро, балки меҳмонони шаҳрро низ дӯст медоранд.
Эшон меҳмононро ҳамеша хайрхоҳона пешвоз мегиранд ва зебогии Самарқандро нишон медиҳанд, таърихи бисёрасраи онро эҳтиёткорона ҳифз мекунанд ва бо шаҳри худ ифтихор доранд.
Онҳо тарафдори он ҳастанд, ки шаҳр боз ҳам ҷаззоб шавад. Ман низ эсперантистҳои Самарқандро табрик мекунам, ки онҳо барои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии байни одамон мубориза мебаранд ва ба ғояҳои эсперанто содиқ мебошанд. Ман аз таҳти дил ба ҳамаи сокинони шаҳри Самарқанд тансиҳатӣ, пешравӣ ва барои рушди шаҳри бошукӯҳи Самарқанд фаъолияти пурсамар мехоҳам!» — Борис Гаджанов, президенти Ассотсиатсияи эсперантистҳои София, Булғория.