Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов бо ёрии сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маркази фан ва маданияти ба номи Абай ва шӯъбаи забон ва адабиёти қазоқ кушода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ӯзбекистон Бебут Атамкулов, масъулони соҳаи таълими олии ҳарду давлат, роҳбарони Донишгоҳи педагогикаи миллии ба номи Абай ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд иштирок карданд.
— Ҳамкории байни муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистону Қазоқистон солҳои охир боз ҳам густариш меёбад, — гуфт сарвари садоратии вилоятии Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азизбек Насимов. — Кӯшиш дорем, ки алоқаҳои академикии байни ҳарду кишварро мустаҳкамтар, сифати омӯзиши забонҳо ва мутахассисони забонро беҳтар намоем. Имрӯзҳо дар 400 мактаби кишвари мо забони қазоқӣ омӯзонида мешавад, 162 мактаби пурра бо забони қазоқӣ мавҷуд аст. Барои бо забони қазоқӣ гирифтани таълими олӣ дар Донишгоҳи давлатии педагогии Тошканд, Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Донигоҳи давлатии Гулистон, Донишкадаҳои давлатии педагогии Нукус, Ҷиззах ва Навоӣ факултет ва кафедарҳои забон ва адабиёти қазоқ ташкил карда шудаанд. Ин марказ ҳам, ки дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд кушода мешавад, барои забони қазоқиро омӯхтани ҷавонони мо хидмат мекунад.
Шахсоне ки дар чорабинӣ суханронӣ карданд, ягонагии таърихи қадим, забон, дин, маданият ва урфу одатҳои халқҳои ӯзбеку қазоқро эътироф карданд. Сипас, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов ва намояндагони ҳайати Қазоқистон лентаи рамзиро буриданд.
Дар идома иштирокдорони чорабинӣ бо шароитҳои Маркази фан ва маданияти ба номи Абай ва шӯъбаи забон ва адабиёти қазоқ шинос шуданд.
Ғ.ҲАСАНОВ
