Ин даъват дар чорабиниҳои таблиғотӣ, ки дар арафаи интихобот аз ҷониби ҲЛДӮз баргузор мегарданд, такрор ба такрор садо медиҳад. Намояндагони электорат боз ҳам амиқтар дарк мекунанд, ки дар замири ин шиор маънову мазмуни комилан фарогирифтаи омилҳои суръатбахшандаи тараққиёт муҷассам аст.
То рӯзи интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ муддати хеле кам монд. Дар ин рӯзҳо ташвиқотҳои ҳизбҳо низ авҷ гирифтанд.
Хуб, чорабиниҳои тарғиботии пешазинтихоботии ҲЛДӮз, ки беш аз 1 миллиону 600 ҳазор аъзо дорад, чӣ гуна мегузаранд? Либерал-демократҳо, ки 46 фоизи намояндагони интихобкунандагонро занон ва 48 фоизро чавонон ташкил медиҳанд, барои ноил шудан ба боварии интихобкунандагон чӣ гуна ташаббусҳоро пеш меронанд ва аз кадом усулҳои нав истифода менамоянд?
Дар зер ба саъйу ҳаракатҳое, ки ба ин саволҳо ҷавоб мешаванд, назар меафканем.
ҲЛДӮз бо мақсади дар байни аҳолӣ васеъ паҳн намудани ғояву барномаҳои худ ба интихоботи имсола бо услубҳои нав наздик мешавад. Дар доираи стратегияи интихобшуда дар байни халқ амиқтар рафта, бо миллионҳо нафар шаҳрвандон хона ба хона сӯҳбат кардан, ғояҳои ҳизбро ба ҳар интихобкунанда расондан кори осон нест.
То имрӯз гурӯҳи фаъолон ва волонтёрон муяссар шуданд, ки мувофиқи нақша дар зиёда аз ду миллион хоҷагӣ шаванд. Инчунин, ҳадафу ғояҳои асосии ҳизб бо дучарха ва баландгӯякҳои махсус (рупер) дар байни аҳолӣ васеъ тарғиб карда мешаванд. Ғайр аз ин, ҲЛДӮз дар дебатҳои байниҳизбӣ ҳам фаъолона иштирок мекунад. Вохуриҳо бо интихобкунандагон, муоширати номзадҳо дар ташкилоту идораҳо низ ба таври зинда сурат мегиранд.
Умуман гирем, ҲЛДӮз дар маъракаи интихоботии имсола дар ҳоли ҷалби қабати васеи аҳолӣ ба гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ ва вохӯриҳо бо намояндагони электорати асосӣ диққати махсус дод.
Мулоқотҳои кушод дар зери осмони кушод
Дар бораи маъракаи таблиғотии оммавӣ, ки дар майдони кохи театр-консертии ба номи Ислом Каримови шаҳри Фарғона таҳти шиори «Ӯзбекистони Нави озод, фаровон ва тавоноро бо ҳам месозем» баргузор гардид, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби андешаҳои зиёди мусбат шуд.
Чунки сарфи назар аз обу ҳавои боронӣ беш аз ду ҳазор нафар интихобкунандагон — соҳибкорону деҳқонон, ходимони соҳаҳои маорифу тиб, намояндагони сохтори маданияту санъат таклифҳои ҳизбро бо диққат шуниданд.
Инчунин, чорабинии тарғиботӣ, ки дар «Боғи дӯстӣ»-и шаҳри Нукус баргузор гашт, дар шакли мулоқоти бевосита бо интихобкунандагон ва бо кайфияти баланд ташкил карда шуд.
Чи тавре дар чорабиниҳои оммавии зери осмони кушода изҳор гардид, ҳизб тамоми чораҳои заруриро меандешад, ки то соли 2030 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 160 миллиард доллар ва даромади ҳар сари аҳолӣ то ба 4 ҳазор доллар расонида шуда, шумораи соҳибкорон беш аз 3 миллион нафар зиёд шавад. Ғайр аз ин, масъалаҳое монанди ҳар сол дучанд зиёд кардани ҳаҷми касбомӯзӣ, дар зарфи панҷ сол камаш 1 миллион нафар шаҳрвандонро касбу ҳунар омӯхтан, дар ҳамаи ноҳияву шаҳрҳо ташкил намудани мономарказҳо, ҷорӣ намудани системае, ки барои бо кӯмаки давлатӣ ақаллан ба як касбу ҳунар соҳиб шудани хатмкунандагони мактабҳо ёрӣ медиҳад, низ дар маркази диққати ҳизб мебошанд.
ҲЛДӮз аз тараққиёти баробари тамоми соҳаҳои кишвари мо манфиатдор аст. Тамоми қувваю имкониятҳо барои чунин мақсадҳои наҷиб сафарбар карда мешаванд.
Интеллекти сунъӣ ва нанотехнологияҳо
Пӯшида нест, ки фазои маҷозӣ дар ҳаёти мо имрӯз ҷои устуворро ишғол кардааст. Ҳоло хурду калон низ чӣ тавр истифода бурдани технологияҳои рақамӣ ва замимаҳои мобилиро медонанд. Дуруст аст, ки доираи қулайиҳои электронӣ ҳам торафт меафзояд.
Дар вохӯрии мутасаддиёни ҲЛДӮз бо роҳбарони ширкатҳои бузург ва сармоягузорони «Минтақаи иқтисодии Ургут», ки дар вилояти Самарқанд воқеъ аст, дар ин мавзӯъ сухан рафт ва таваҷҷӯҳи электоратро ба худ ҷалб кард.
Суръат бахшидани фаъолияти содиротии корхонаҳое, ки ба технологияҳои рақамӣ ихтисосонида шудаанд, рушди соҳаҳои пешрафта, аз қабили «Саноати чип», интеллекти сунъӣ, нанотехнологияҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳизб дар панҷ соли оянда мешавад. Инчунин, барои кам кардани нархи аслӣ дар саноат, ба ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ додани идоракунии минтақаҳои махсуси саноатӣ ва дар як сол то ба 1 миллион адад расондани ҳаҷми истеҳсоли автомобил чорабиниҳо андешида мешаванд. Бо мақсади табдил додани Ӯзбекистон ба як «маркази минтақавии нассоҷӣ», дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони соҳа, оммавӣ гардонидани соҳаи IT дар байни ҷавонон ва афзоиши содироти хизматрасонӣ дар ин соҳа, «Таълими IT»-и яклухт ва силсилаи хизматрасонии иборат аз «мактаб — донишгоҳ — ширкати IT» таъсис дода мешавад.
Агар гӯем, ки ташвиқоти интихоботии ҲЛДӮз, ки дар Академияи технологияҳои иттилоотии «Аструм»-и вилояти Тошканд бо иштироки мутахассисони IT, намояндагони соҳаи маркетинг ва ҷавонон баргузор гардид, идомаи тадриҷии сӯҳбати ҷолиб дар Ургут буд, хато намекунем.
Дар вохӯрии пешазинтихоботӣ таъкид гардид, ки ҳизб ҷонибдори бо кор таъмин ва соҳибкории ҷавонон, аз ҷумла, таҷдиди куллӣ дар низоми омодасозии ҷавонони бекор ба касбҳои замонавӣ, роҳандозӣ намудани амалиёти касбомӯзӣ дар асоси фармоиши корхонаҳо мебошад.
Маълум карда шуд, ки дар ҳар як минтақа дар майдони на камтар аз 100 гектар «Маркази иҷтимоию иқтисодии ҷавонон» таъсис дода мешавад ва ин марказҳо ба як «фабрикаи лоиҳаҳо»-и воқеии ҷавонон табдил хоҳанд ёфт.
Барномаҳои «маҳаллабайъ» барои ҷалби аҳолӣ ба соҳибкорӣ
Дар чорабиниҳои пешазинтихоботӣ, ки дар корхонаҳои «Парвоз Ҳумо Равнақ Транс»-и ноҳияи Ғиҷдувони вилояти Бухоро ва «Кӯк сарой»-и ноҳияи Давлатободи вилояти Намангон гузаронида шуданд, соҳибкорон, тоҷирон, ходимони соҳаи кишоварзӣ фаъолона иштирок намуданд.
Алоҳида эътироф гардид, ки таҳияи барномаҳои «маҳаллабайъ» барои ҷалби аҳолӣ ба соҳибкорӣ яке аз муҳимтарин ҳадафҳои ҳизб мебошад. Инчунин, дар доираи барномаҳои соҳибкории оилавӣ ҳар сол 30 фоиз зиёд намудани ҳаҷми қарзҳои имтиёзнок, ҳавасмандгардонии минбаъдаи соҳибкории иҷтимоӣ, додани имтиёзҳо аз андози амвол ва замин ба соҳибкороне, ки шахсони эҳтиёҷманди ҳифзи иҷтимоиро бо кор таъмин мекунанд, аз ҷумлаи таклифҳои пешазинтихоботии ҲЛДӮз мебошанд.
Масъалаҳои таваҷҷӯҳ ба рушди муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ, тавсеаи манбаъҳои таъминоти молиявии шуғли аҳолӣ, аз ҷумла рушди сохтори агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ дар ҳимояи манфиатҳои интихобкунандагон иқдоми зарурӣ хоҳанд буд.
Соҳаҳои маънавию маърифатӣ — дар таваҷҷӯҳи доимӣ
Вохӯрии номзадҳои ҳизб бо адибону шоирон, соҳибкорони соҳаи нашру матбаа ва намояндагони хонандагони ҷавон дар маркази «Китоблар олами»-и назди Агентии кор бо ҷавонон дар фазои самимӣ баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки ҲЛДӮз ҳамчун бузургтарин нерӯи сиёсӣ, ки манфиатҳои соҳибкорону тоҷиронро ҳимоя мекунад, ба рушди минбаъдаи фаъолияти ноширон дар бахши хусусӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад кард. Аз ҷумла, соддагардонии равандҳои соҳибкорӣ, бекор кардани тақрибан 1000 талаботи бюрократӣ, ду баробар кам кардани шумораи литсензияҳо, роҳандозӣ намудани системаи огоҳӣ аз рӯи 60 намуди фаъолият, ки литсензияҳояшон бозхонда мешавад, аз самтҳои афзалиятноки панҷ соли ояндаи ҳизб маҳсуб мешавад. Инчунин, вазифаҳое аз қабили содда кардани низоми маъмурии андоз, фароҳам овардани шароити одилона ва баробар барои ҳамаи соҳибкорон дар самти пардохти андоз низ ба манфиати соҳибкорон, ки дар соҳаи полиграфӣ фаъолият доранд, хидмат хоҳанд кард.
Дар вохӯриҳое, ки дар минтақаи озоди иқтисодии «Ҳазорасп»-и ноҳияи Тупроққалъаи вилояти Хоразм ва Ҷамъияти саҳҳомии «Узавтомоторс» баргузор гардид, мақсад ва вазифаҳои ҳизб дар самти иқтисодӣ, дар Донишкадаи давлатии тиббии Андиҷон бошад, бо духтурон ва мутахассисони ҷавон пешниҳоду ташаббусҳои марбут ба рушди соҳаи тиб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Умуман гирем, дар вохӯриҳо самтҳо, мақсадҳо ва ғояҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб бо забони оммавӣ, оддӣ ва содда баён карда мешаванд. Интихобкунандагон ба ғояву ташаббусҳои ҳизб муносибати гарм зоҳир намуда, таъкид мекунанд, ки дар интихобот ҳизб ва номзадҳои онро дастгирӣ хоҳанд кард.
Дар ин марҳалаи муҳими рушди муосири Ӯзбекистон қарорҳое, ки Шумо, интихобкунандагони азиз қабул мекунед, ояндаи моро муайян мекунанд. ҲЛДӮз дар амал садоқати худро дар сохтани ҷамъияти одилона ва фаровон, таъмини рушди иқтисодӣ ва ҳимояи манфиатҳои ҳар як шаҳрванд исбот намудааст.
Мо якҷоя нерӯ ҳастем! Моро дастгирӣ кунед ва барои бардавомии ислоҳотҳо ба ҲЛДӮз ва номзадҳои он овоз диҳед!
Хидмати матбуоти Ҳизби либерал-демократикии Ӯзбекистон.
