Дар Самарқанд ба муносибати 75-умин солгарди таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чин чорабинии тантанавӣ ва консерти Театри рақсии Гансу гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ, ки бо ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар кишварамон баргузор гардид, вакилони аҳли ҷомеаи вилоят, профессор-омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Дар оғози тадбир Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ӯзбекистон Юй Тсзюн қайд намуд, ки ба шарофати муносибатҳои самимии роҳбарони ду кишвар, сиёсати беруние, ки бар асоси боварӣ ва эҳтироми баланд асос ёфтааст, ҳамкориҳои Ӯзбекистону Чин дар солҳои минбаъда таҳкиму густариш меёбанд.
— Муносибатҳои Хитой ва Ӯзбекистон ба гузаштаи дур бармегарданд, — гуфт Юй Тсзюн. — Ин махсусан баъди барпо шудани Роҳи бузурги абрешим вусъат ёфтааст. Халқҳои моро на танҳо робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, балки ҳамкориҳои фарҳангӣ низ ба ҳам бо риштаҳои мустаҳкам мепайвандад. Ҳоло мо дар ҳамаи соҳаҳо шоҳиди инкишоф ёфтани дӯстии деринаамон мегардем. Муомилоти молӣ байни мамлакатҳоямон сол то сол меафзояд. Имрӯзҳо яке аз пешсафтарин сармоягузорони иқтисоди Ӯзбекистон Хитой ба шумор меравад. Дар ҳоли ҳозир беш аз 2800 корхона бо капитали Чин дар Ӯзбекистон фаъолияти худро пеш мебарад. Бо ширкатҳои мо дар соҳаҳои мошинсозӣ, нассоҷӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои рақамӣ ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.
Бинобар робитаҳо дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон сохта мешавад. Ин бешубҳа ба боз ҳам мустаҳкам шудани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат мекунад. Ҳамаи ин ба мустаҳкам шудани дӯстии байни ҳар ду мамлакат хизмат менамояд. Мо бисёр шодем, ки мардуми Ӯзбекистон 75-умин солгарди таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чинро ҳамроҳи мо таҷлил мекунанд ва чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил мекунанд.
Инчунин, дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Самарқанд ва аҳли ҷомеа ба сухан баромада, дар бораи муносибатҳои Ӯзбекистону Чин ва робитаҳои фарҳангии халқҳо суханронӣ намуданд.
Дар барномаи фарҳангӣ аз ҷониби дастаи ҳунарии Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд дар якҷоягӣ бо Театри рақсии Гансу сурудҳо иҷро карда шуданд.
Дар доираи чорабиниҳо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ӯзбекистон Юй Тсзюн бо масъулони ҳокимияти вилоят, намояндагони ВАО ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд мулоқотҳо доир намуд.
Таҷлили 75-умин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин
