Ҳар як рӯзе, ки сипарӣ мешавад, моро ба рӯзи 27‑уми октябр — интихоботи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ наздик мекунад. Дар ин ҷараён ҳизби демократии «Миллий тикланиш», ки ба шиори «Тараққиёти ба арзишҳо такякунанда» амал мекунад, низ барои дарёфти мақомҳои бештар дар парламент ва шӯроҳои маҳаллӣ мубориза мебарад.
Бояд гуфт, ки ҳамаи номзадҳо дар чорабиниҳои таблиғотии ҳизбӣ фаъолона ширкат карда, барномаи ҳизб ва барномаи интихоботии худро васеъ тарғиб мекунанд. Дар чунин чорабиниҳо, на танҳо электорат, балки намояндагони аҳли ҷомеа, ки ба ғояву ҳадафҳои ҳизб хайрхоҳ мебошанд, ширкат меварзанд.
Аз ҷумла, то имрӯз 38 ҳазор чорабинии таблиғотии ҳизб баргузор гардида, дар онҳо ҳудуди 1 миллиону 500 ҳазор нафар интихобкунандагон иштирок карданд.
«Миллий тикланиш» чаро ғояи «Тараққиёти ба арзишҳо такякунанда»-ро пеш меронад?
Дар чорабинии тарғиботии оммавӣ, ки дар Майдони истиқлолияти шаҳри Ҷиззах гузаронида шуд, зикр гардид, ки ғояи «Тараққиёти ба арзишҳо такякунанда» беҳуд пеш ронда намешавад.
Имрӯз масъалаи расидан ба рушд ва бунёди ҷомеаи обод ба масъалаи асосии рӯзномаи аксари кишварҳо табдил ёфтааст. Аммо бояд эътироф кард, ки танҳо фаровонии иқтисодӣ хушбахтӣ ва суботи ҷомеаро таъмин карда наметавонад. Аҳамияти меъёрҳо ва арзишҳои маънавӣ дар ҳаёти одамон низ муҳим аст. Хусусан, суннатҳои чандинасра ва мероси маънавии миллати мо барои ояндаи халқи мо асоси устувор буда метавонанд.
Дар чорабинӣ номзад ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, ректори Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд Гулчеҳра Рихсиева дар бораи таклиф ва ташаббусҳое, ки дар барнома роҷеъ ба рушди соҳаи таълиму тарбия, ки ба масъалаи мубрами замони мо табдил ёфтааст ва ҳалли муаммову камбудиҳои ин самт ҳарф зад.
Муҳимтарини онҳо ташаббуси қабули «Барномаи давлатии тайёр кардани педагогҳои насли нав» мебошад. Зеро солҳои охир мо ҳар рӯз ниёз ба ин барнома эҳсос мекунем. Имрӯз фарзандони мо дар замони комилан нав зиндагӣ мекунанд ва педагогҳои мо низ бояд ба соҳибони ояндаамон мувофиқ бошанд. Аз ин рӯ, таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳоеро, ки ба тарбияи насли нави педагогҳо ва баланд бардоштани ҷолибияти касби омӯзгорӣ нигаронида шудаанд, вазифаи аввалиндараҷа донистан лозим аст.
Гулчеҳра Рихсиева: Бар асоси ин ҳама, аз шумо даъват мекунам, ки ин иқдомро дастгирӣ кунед ва ҳамаи ҳамватанонамонро, ки ояндаи фарзандонамонро фикр мекунанд, бар он мехонам, ки дар интихоботи рӯзи 27‑уми октябр ба «Миллий тикланиш» ва номзадҳои он овоз диҳанд.
Суханронии номзади дигар ба вакилии палатаи поёнӣ, ҷонишини ҳокими вилояти Ҷиззах Назира Мухтороваро ҳам интихобкунандагон гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.
Ҳизб дар асоси тамоюли «Модари бомаърифат — миллати тавоно» ба зинаҳои нав бардоштани сиёсати занон, бо назардошти он, ки занон дар баробари фарзандони бунёдкори ояндаи моро ба дунё овардан, аъзои фаъоли ҷамъияти соҳиби салоҳияти бузурги қодир ба сафарбар кардани дониш, таҷриба ва нерӯи ғании бонувон дар идораи давлат ва ҷамъият мебошанд, дар барнома таклиф ва ташаббусҳои муҳимро пеш мегузоранд.
Муҳимтарини онҳо, бешубҳа, пешниҳоди ҷорӣ кардани низоми пулакии «Таътили модарӣ» барои занони фарзанддор то сесола шудани кӯдакашон мебошад.
Назира Мухтарова: Агар хохед, ки фарзанди шумо фарзанди меҳрубону бомаърифат, дар оянда ба Ватан вафодор шуда ба воя расад, ба ҳизби демократии «Миллий тикланиш» ва номзадҳои он овоз диҳед!
Ташаббусҳои ҳаётбахши ҳизб — асоси мустаҳками пешравии мо
Таҳти шиори «Мо якем, ӯзбекистонием!» ба чорабинии навбатии оммавии Бухоро тайёрии калон дида шуд. Маълум аст, ки мардуми шаҳри Азим, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, дар байни тааҷҷуб зиндагӣ мекунанд, мардуми воҳае, ки бо зиёда аз 200 ёдгориву осори бостонӣ тамоми ҷаҳонро дар ҳайрат гузоштааст, ташаббус ва ғояҳои ҳизбро бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд. Дар чорабинӣ, ки ҳудуди се ҳазор нафар интихобкунандагон иштирок намуданд, номзадҳо моҳияти барномаи пешазинтихоботиро фаҳмонда, ҳамагонро барои дар интихобот фаъолона иштирок намудан ва ба ҷонибдории ҳизби «Миллий тикланиш» ва номзадҳои он овоз додан даъват карданд.
Дар ин чорабинии оммавӣ раиси Шӯрои марказии ҳизб Алишер Қодиров суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки имрӯз интихобкунандагон ба ваъдаҳои хушку холӣ не, балки ба пешниҳоду ташаббусҳои аниқу мушаххас, ба ғояҳои барои ояндаи мо хидматкунанда, ба баҳсу мунозираҳои рӯякӣ не, балки ба суханҳои оддию сода, ки аз сидқи дил гуфта шудааст, ба манфиати Ватану миллат ниёз доранд.
Ҷонишини раиси Шӯрои марказӣ Ферӯза Муҳаммадҷонова:
— Як хирадманд агар писаратро таълим диҳӣ, як касро, духтаратро таълим диҳӣ, тамоми ҷомеаро тарбият мекунӣ гуфта будааст. Аммо бархе аз модарони донишҷӯй ба далели надоштани сарпараст ба фарзандашон таҳсилро идома дода наметавонанд. Дар асоси ин барномаи ҳизби мо дар мактабҳои олӣ барои фарзандони модарони донишҷӯ хонаҳои махсуси бачагон ё кӯдакистонҳо ташкил карданро пешниҳод мекунад.
Ҷаҳонгир Ширинов, номзад ба вакилии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис: Аз ҷониби ҳизб дар самти идоракунии давлатӣ, қонунгузорӣ ва низоми суд-ҳуқуқӣ низ як қатор ташаббусҳо ба миён гузоштааст. Аз ҷумла, нақши ташкилотҳои ғайридавлатӣ ғайритиҷоратиро дар мубориза бар зидди коррупсия баланд бардоштан зарур аст. То онҳо танҳо бо таблиғ алайҳи ин иллат маҳдуд нашуда, балки аз мақомоти давлатӣ ҳам барвақттар ба таҳлил ва фош кардани вазъиятҳои коррупсионӣ қодир бошанд.
Ҳунармандон соҳибкор не, барандаи арзишҳо ҳастанд
Вохӯрӣ бо вакилони электорат дар Маркази хунармандони ноҳияи Шаҳрихон низ аз ҳарвақта пурмазмун гузашт. Вохӯрӣ бо ҳунармандоне, ки намунаҳои ҳунари мардумиро меофаранд, намояндагони санъат, ки эҷодиёти халқро идома медиҳанд, пур аз саволу ҷавобҳои шадид гузашт. Дар барномаи пешазинтихоботии ҳизби ҳунармандоне, ки барои ҳифзи арзишҳоямон ва аз насл ба насл интиқол додани онҳо хидмат мекунанд, ташаббуси марбут ба фаъолияти онҳо низ ба миён гузошта шудааст. Аз ҷумла, намояндагони соҳа аз пешниҳоди қабули Қонун «Дар бораи фаъолияти ҳунармандӣ» дар барнома ҷонибдорӣ карданд.
Ҳизб таваҷҷӯҳи насли наврасро ба ҳунарҳои мардумӣ ва санъати амалии халқ зиёд кардан, онҳоро ба ин фаъолият ҳавасманд карданро хеле зарур мешуморад. Сабаб дар он аст, ки ҳизб ба ҳунармандон ҳамчун соҳибкор не, балки ҳамчун бардорандаи арзишҳо нигоҳ мекунад. Дар асоси ин ҳизб васеъ намудани имкониятҳо ва дастгирии онҳоро вазифаи асосии худ медонад.
Толиб АҲМЕДОВ, ҳунарманд: Шахсан ман 30 сол ин ҷониб бо кандакорӣ машғулам. Бо ин ҳунар оилаи худро таъмин мекунам ва ин ба мо аз аз падар мерос аст. Ман намояндаи авлоди сеюм ҳастам, ки ин соҳаро идома медиҳад. Воқеан, агар ҳунармандон дастгирӣ шаванд, барои оммавӣ кардани фаъолияти онҳо имконият фароҳам гардад, таваҷҷӯҳи ҷавононамон низ боз ҳам меафзуд. Тавассути фароҳам овардани имкониятҳо барои рушди соҳа, ҳам иқтисодиёт ва туризмро ривоҷ ва ҳам арзишҳоро давом медиҳем. Ман пешниҳодҳоеро, ки бо фаъолияти ҳизб вобаста аст, дастгирӣ мекунам.
Мақсади мо якҷоя бунёд кардани Ӯзбекистони Нав аст, ки ба самти амалӣ кардани иқтидори Инсон нигаронида шудааст. Имрӯз ҳамаи мо дар айёме умр ба сар мебарем, ки мақсад розӣ намудан, на дар оянда, балки имрӯз фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба халқ мебошад. Мақсади асосии мо «Бунёди ҷамъияти фаровон дар пояи давлати тавоно мебошад, ки қонунҳояш бо арзишҳои миллӣ ва умуминсонӣ созгор буда, қадри инсон баланд аст».
Бешубҳа, интихоботи имсола нисбат ба пештар дар фазои рақобати шадид мегузарад. Дар ин роҳ ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва ишғол намудани ҷойҳои бештар дар парлумон ва шӯроҳои маҳаллӣ мақсади асосии ҳизб мебошад.
Албатта, дар ин бобат овози Шумо интихобкунандагон барои мо муҳим аст.
Дар интихобот, ки 27‑уми октябр доир мегардад, ба Ҳизби «Миллий тикланиш» ва номзадҳои он овоз диҳед.
Хидмати матбуоти Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-и Ӯзбекистон.
