Дар бораи дохил кардани илова ва тағйиротҳо ба қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз 27‑уми декабри соли 2023 «Роҷеъ ба тасдиқ намудани буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд барои соли 2024» таҳти рақами VI‑94-126-7-0-К/23
Сессияи яксаду чоруми Шӯрои намояндагони халқи вилоят даъвати шашум қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро аз 19‑уми апрели соли 2024 «Дар бораи чораҳои иловагии ихтисори иштироки давлат дар иқтисодиёт» таҳти рақами ҚП‑162, мактуби супоришии ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ.Қӯчқоровро аз 21‑уми августи соли 2024 (таҳти рақами 03/1-1308), маълумоти ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ф.Абиловро аз 12‑уми августи соли 2024 (таҳти рақами 763/01-30) ва хулосаи сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоятро аз 30‑юми августи соли 2024 (таҳти рақами 02/01-32/169) ба инобат гирифта, бар асоси моддаи 126‑уми Кодекси буҷети Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҚАРОР МЕКУНАД:
- Пешниҳоди ҷонишини якуми ҳокими вилоят (Ф.Абилов) ва сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят роҷеъ ба дохил намудани тағйирот ба қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз 27‑уми декабри соли 2023 «Дар бораи тасдиқ кардани буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд барои соли 2024» таҳти рақами VI‑94-126-7-0-К/23 пазируфта шавад.
- Ба қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз 27‑уми декабри соли 2023 «Дар бораи тасдиқ намудани буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд барои соли 2024» таҳти рақами VI‑94-126-7-0-К/23 мувофиқи илова тағйирот ва иловаҳо дохил намоянд.
- Ба ҳокимиятҳои шаҳр ва ноҳияҳо тавсия дода шавад, ки масъалаи ба буҷети маҳаллиашон дохил намудани тағйиротро ба баррасии Шӯроҳои намояндагони халқи шаҳр ва ноҳияҳо пешниҳод кунанд.
- Сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят (Б.Мирзоев), садорати ғазначигӣ (О.Ҳамдамов) мувофиқи талаботи ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ истифодаи бомақсад ва самараноки маблағҳои буҷетро ба назорат гиранд.
- Хизмати ахбор — котиби матбуоти ҳокимияти вилоят (М.Мирзоев), «Маркази рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияҳо» (Н.Норбеков) чопи ин қарорро дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва гузоштани онро дар веб-сайти ҳокимияти вилоят таъмин намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят роҷеъ ба масъалаҳои буҷети маҳаллӣ, амалӣ намудани ислоҳотҳои иқтисодӣ, рушди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ (Ф.Насруллоев) ва ҷонишини якуми ҳокими вилоят (Ф.Абилов) вогузошта шавад.
- Қарори мазкур эътиборан аз рӯзи эълони расмӣ ба амал медарояд.
Раиси Шӯро Э.ТУРДИМОВ
24‑уми октябри соли 2024.
