Дар ҳама давру замонҳо муаммои нисбатан душвор будани тарбияи наврасон буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Феълан, ин муаммо диққати олимон ва мутахассисони соҳаро аз ҳарвақта бештар ба худ ҷалб кардааст.
Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро маҳз давраи наврасиро давраи душвори тарбия ва қисме аз онҳоро «навраси душвор» меноманд? Оё кӯдакон ва калонсолон аз ин доира берун мемонанд?
Маъмулан, дар адабиёти педагогӣ ва психологӣ давраи наврасиро барои ҳар ду ҷинс аз 12 то 15-солагӣ медонанд. Давраи наврасӣ табиатан давраи душвор ва пурҷӯшу хурӯш дониста шудааст. Зеро наврасон дар ин давра бо тағйироти куллии равонию ҷисмонӣ рӯ ба рӯ мегарданд ва ин дар навбати худ ба худбаҳодиҳии онҳо бетаъсир нахоҳад монд. Ва маҳз ана ҳамин ҳодиса, ки як давраи нисбатан кӯтоҳро дар бар мегирад, метавонад боиси тағйир ёфтани муносибати наврас бо атрофиён гардад.
Дар заминаи тағйиротҳои куллии биологие, ки дар организми наврасон ба вуҷуд меоянд, як қатор хусусиятҳои нави психологӣ шакл мегиранд. Ин тағйиротҳои ба амал омада, ба душвортарбия шудани наврасон сабаб мешаванд.
Бояд қайд кард, ки дар эҷодиёти аксари адибони классику муосир беҳудагардиву фориғболӣ маҳкум карда шудааст. Инчунин ин чиз аз ҷониби худи халқ низ мавриди танқиду мазамати сахт қарор гирифтааст, ки он дар зарбулмасалу мақолҳои халқӣ инъикоси равшани худро ёфтааст. Ба монанди: «Аз бекор Худо безор», «Бекорон бебароранд, аз баракат дар каноранд», «Аз зиндаи бекор, мурда беҳтар аст» ва ғайраҳо.
Бекорӣ – сабаби асосӣ ва заминаи аслии ҳамагуна дараҷаи душвортарбиягии на танҳо наврасон, балки кӯдакону калонсолон аст. Чунки маҳз бекорӣ одамонро новобаста аз синну сол ба содир намудани аъмоли баду ношоиста тела медиҳад. Ҳамчунин шахсоне, ки бекор мегарданд, онҳоро бешубҳа, дуздиву ҳаромкорӣ домангир хоҳад шуд.
Биёед барои исботи гуфтаҳои боло як мисоле аз ҳаёти воқеӣ меорем ва таҳлилаш мекунем. Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар ҷомеа қариб, ки ҳамарӯза аз ҷониби ашхоси номаълум ҷиноятҳо содир мегарданд ва кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо мақсади пайдо кардани шахси ҷинояткор нахуст ашхоси гумонбаршударо дастгир мекунанд. Пасон аз онҳо дар робита аз дар ҷое фаъолият доштан ва ё надоштани онҳо суол мекунанд.
Бекорӣ на танҳо ба наврасон барои анҷом додани аъмоли бад шароити мусоид фароҳам меорад, ҳатто кӯдаконро низ метавонад барои анҷом додани амалҳои нописандида ва қобили қабул набуда водор намояд. Вале азбаски мувофиқи таълимоти илмҳои педагогӣ-психологӣ фаъолияти асосии кӯдакони синни томактабӣ бозӣ маҳсуб меёбад ва ин фаъолият то андозае дар синну соли хурди мактабӣ низ ҳамчун фаъолияти пешбаранда боқӣ хоҳад монд, бинобар ин кам андар кам мавридҳое мешавад, ки кӯдакон бекор монанд. Зеро тавре ба ҳамагон маълум аст, бозӣ фаъолияти фараҳбахш буда, фишори зиёди психикиро талаб намекунад.
Маҳз ана ҳамин бекорӣ аст, ки наврасон рӯ ба кӯча меоранд ва бештари вақти пурқиммати худро бо кӯчагардиву беҳудагардӣ мегузаронанд ва бад ин васила ба таъсири бади кӯча дода мешаванду даст ба фисқу фасод, авбошӣ, тамокукашӣ, майнӯшӣ, нашъамандӣ, дуздиҳои майда, ҳатто ҷинояткорӣ умуман, корҳои ғайриинсонӣ мезананд.
Бояд гуфт, ки азбаски фаъолияти таълимӣ дар давраи наврасӣ ҳамчун фаъолияти асосӣ қарор мегираду басо мураккаб ва сафарбар намудани нерӯи зиёди равониву асабиро тақозо мекунад, на ҳар наврас хоҳиши пурра ба он машғул шуданро дорад. Ҳамчунин фаъолияти меҳнатӣ низ иловатан нерӯи зиёди ҷисмониро талаб мекунад.
Аз ин рӯ, аксари наврасон бидуни маҷбуркунии дигарон (муаллимон, волидайн) намехоҳанд ба он машғул шаванд. Чун ба он машғул нашуданд, албатта бекор хоҳанд монд.
Аз ин лиҳоз, дар ин давра наврасонро мебояд бо дарки он, ки ҳамакнун давраи кӯдакиро паси сар намудаанд, пайваста ба ҳар роҳе, ки набошад дониш омӯзанд ва дар роҳи омӯхтани илму ҳунар камари ҳиммат банданд, то ки лаҳзае бекор намонанд.
Ба ин мазмун яке аз шоирони адабиёти тоҷику форс Низомии Ганҷавӣ ҳанӯз дар замони худ хеле хуб фармудааст:
Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.
Акнун, ки ба ҷаҳордаҳ расидӣ
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.
Ғофил манишин на вақти бозист,
Вақти хунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузургӣ омӯз
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Дар шароити кунунӣ волидайнро мебояд бо дарки масъулият ба ҳар василае, ки набошад, фарзандони навраси хешро ба хотири он. ки бекор намонанд, ба ҳар гуна курсҳои омӯзишӣ, ба монанди курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, курсҳои компутерӣ, инчунин дар навоҳиву рустоҳо фарзандони хешро ба омӯхтани ҳар гуна ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили заргариву оҳангарӣ, зардӯзиву гулдӯзӣ, кандакорию бофандагӣ… ҷалб кунанд, агар онҳо таъмин намудани ояндаи дурахшони фарзандонро хоҳанд. Ҳамчунин бояд фарзандони хешро барои машғул шудан дар риштаҳои мухталифи варзиш низ сафарбар намоянд. Зеро варзиш кафили асосии сиҳативу бардамӣ ва инкишофи мӯътадили наврасон буда, инчунин метавонад онҳоро аз бекор мондан, таъсири бади кӯчаву ва бад ин васила даст ба аъмоли ношоиста задан эмин нигоҳ дорад.
Дар фароварди сухан ҳаминро зикр карданӣ ҳастем, ки ҳамаи он далелу тафсилоте, ки ин ҷо оварда шуданд, ҳама аз таҷрибаву мушоҳидаҳои ҳаётӣ буданд ва ин ҷо танҳо ба хотири то ҷое исбот гаштани он, ки бекорӣ сабаби аслии ҳамагуна дараҷаҳои душвортарбиягии наврасон дониста шавад, зикр гаштанд. Зеро танҳо бо кор фармудани тафаккури солим ва хулосаи дуруст баровардан аз мушоҳидаву таҷрибаи зиндагӣ инсон метавонад сабабҳои ҳақиқии ин ё он ҳодисаҳоро ба таври саҳеҳ ошкор созад ва минбаъд барои пешгирӣ кардани онҳо чораҳои мушаххас андешад.
Бекорӣ – сабаби аслии “душвортарбия” гаштани наврасон
