Мо гоҳо шоҳиди он мешавем, ки намояндагони ташкилотҳои мутасаддӣ аз вазифаи хидматии худ сӯиистифода карда, ришвахорӣ мекунанд. Ин бошад, дар навбати худ, боиси шикастани боварии мардум ва сохторҳои давлатӣ мегардад. Барои хотима додан ба ҳаракатҳои коррупсионӣ ва хотима додан ба кирдорҳои «масъул»-ҳое, ки гирифтори нафси шудаанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои фаврӣ мегузаронад.
Хусусан, дар чорабинии фаврие, ки бо ҳамкории Садорати хидмати бехатарии давлатӣ дар вилояти Самарқанд ва Департаменти мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии вилоят гузаронида шуд, маълум гардид, ки инспектори Инспексияи андози ноҳияи Каттақӯрғон М.Р., ки соли 1981 таваллуд шудааст, аз сокини ноҳияи мазкур барои ҳазф кардани қарзи андоз ба маблағи 11 миллиону 500 ҳазор сӯм аз пойгоҳи электронӣ ва додани ҳуҷҷати қалбакӣ дар бораи пардохти қарз 6 миллион сӯм талаб кардааст ва ҳангоми гирифтани ин маблағи талабшуда буд, бо далелҳои шайъӣ дастгир карда шуд.
Ҳамчунин, сарвари қисми захираҳои сафарбаркунии Раёсати мудофиаи шаҳри Самарқанд, соли таваллудаш 1972, хизматчии қувваҳои мусаллаҳ С.И. ва ёвари ӯ Ф.Э., соли таваллудаш 1991. низ аз ваколатҳои худ бо роҳи ғайриқонунӣ истифода бурда, бо маслиҳати ҷиноятӣ ба писари як шаҳрванди маҳаллӣ, ки сокини Самарқанд аст, барои кор ба ИМА рафтааст, ба ивази додани гувоҳномаи ҳарбии қалбакӣ 600 доллари ИМА талаб кардаанд. Онҳо ҳангоми гирифтани маблағи мувофиқашуда ба даст афтоданд.
Ҳамин тавр, дар ноҳияҳои Пахтачӣ ва Нарпай кирдорҳои ҷинояткоронаи порахурӣ содир карда шуданд. Аз ҷумла, корманди шӯъбаи амнияти байниноҳиявии Гвардияи Миллии Пахтачӣ, сафдор Ш.А., соли таваллудаш 1998, ки аз кони рақами 25-и мавзеи «Қорақӯтон олтин кони»-и ноҳияи Пахтачӣ бар ивази фароҳам овардани шароит барои истихроҷи сангҳои дорои тилло 8 миллион сӯму 600 доллари ИМА талаб карда, ҳангоми гирифтани як қисми он бо далелҳои шайъӣ дастгир карда шудааст бошад, С.Ш., сокини ноҳияи Нарпай, соли таваллудаш 1998, муҳандиси филиали Палатаи кадастри вилояти Самарқанд дар ноҳияи Нарпай, ҳангоми кӯшиши ба ҷайби худ гирифтани 700 доллари ИМА, ки ба ивази додани ҳуҷҷати кадастрӣ ба манзили истиқоматӣ ба номи хеши наздики як шаҳрванди маҳаллӣ талаб карда мешуд, фош шудааст.
Айни замон нисбати шахсони дар боло зикршуда тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Нафс гирдоб аст, касе, ки зери доми он меафтад, ногузир сарнавишти на танҳо худаш, балки тамоми ҷомеаро ба самти манфӣ тағйир медиҳад!
