Ovozi.uz

Сад соли шарафноку пурмасъулият

Имрӯзҳо ҷамоаи аҳлу тифоқи Иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд 100-солагии таъсисёбии иттиҳодия ва Рӯзи ходимони тибро бо комёбиҳои назаррас пешвоз мегиранд.
Гарчанде фасли тирамоҳи заррин аст, вале ҳудуди иттиҳодия бо гулбуттаҳои шукуфону дилрабо, дарахтони ҳамешасабзи манзаравии худ диққати меҳмонону корафтодагонро ба худ мекашад. Дар миёнаҷои ҳавлӣ аз чӯбу тахта айвони базеби миллӣ ва дар шафати он майдончаи варзишӣ бунёд кардаанд, ки ташриффармудагон истироҳат намоянду дар минтақаи барқароркунии саломатӣ вақти худро хуш гузаронанд.
Ҳар шахсе, ки ба бинои беморхона ворид мешавад, нигоҳаш ба навиштаҷоти «Ба рӯйхатгирӣ» афтода, беихтиёр таваққуф мекунад. Дар ин ҷо чанд нафар бонувони кушодачеҳра бо табассуми ширин мепурсанд, ки «Чӣ хизмат?». Вақте, ки мо мақсадамонро гуфтем, яке аз духтаракон роҳбалад шуд ва назди мудири шӯъба
Абдураҳмон Расулов бурд.
— Ба тӯй бо тӯёна рафтан ба анъана табдил ёфтааст, — аз нақшаи мо огоҳ шуда гуфт Абдураҳмон Расулов. — Дар бемористон ба 100-солагӣ тайёрӣ мебинем, ки хизмати сартабиб Аҳмадҷон Бобоҷонов хеле калон мебошад. Пас аз он, ки ӯ ба мо роҳбар таъин гардид, корҳои ободонӣ, навоварӣ, аз ҳама муҳимаш, бо асбобҳои замонавӣ таҷҳизонидани табобатхона лоиқи таҳсин гашт. Шояд аз ҳамин сабаб барои ба дарди худ шифо ёфтан на танҳо аз қаламрави мамлакатамон, ҳатто аз кишварҳои ҳамсоя ҳам одамон
меоянд. Агар шумо дафтари «Таклифу мулоҳизаҳо»-и моро варақ занед, мебинед, ки миннатдории садҳо нафар сабт ёфтааст.

ФАТҲУ КУШОИШ ОРАД, ДАСТИ ДУОИ МОДАР…

Бе азми дурусту саъи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Саъдии Шерозӣ

Аҳмадҷон Султонбоевич Бобоҷонов баъди хатми литсейи академии Урганҷ дар дуроҳа монд. Гарчанде таърихро дӯст медошт, устодонаш маслиҳат доданд, ки шомили факултаи математика шавад. Вале баъди сӯҳбат бо модари азиз, масъала ранги дигар гирифт:
— Ҷони оча, оё дар ёд дорӣ, ки дар кӯдакӣ бемор шуда будӣ ва дӯсти падарат — Искандарамак туро табобат карда буд, — гуфт Дармоная Салоева. — Нияти ман мисли ӯ шифокор шуда, ҳамчун нигаҳбони саломатӣ ба халқу Ватан хизмат кардани ту аст!
Аҳмадҷон аз модар дуо гирифта ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд супурд. Таҳкурсии мустаҳкам, ки дошт, шомили мактаби олӣ шуд. Лекин дар мусофирӣ хондан осон набуд. Бинобар ин, Аҳмадҷон дар шифохонаи марказии шаҳри Самарқанд ба кор даромад. Барои Аҳмадҷон имконияти хуб фаро расид, ки дониши назариявиро ба амалӣ пайваста, такмили ихтисос намояд. Бинобар ин, вай донишгоҳро бо дипломи имтиёзнок хатм карда, дар аспирантура монд ва таҳти роҳбарии профессор Баҳодур Собиров рисолаи номзадиро дифоъ намуд.
Роҳбарони вилоят истеъдоди ташкилотчигӣ ва ташаббускории ӯро ба ҳисоб гирифта, ӯро сарҳакими иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд таъин кардаанд, ки беморхонаи марказӣ низ дар тасарруфи он аст.
Ҳоло муассисаи табобатии шаҳр ба 586 ҳазору 200 нафар аҳолӣ хизмат мерасонад. Дар 23 муассисаи шифокорӣ қариб 5 ҳазор нафар ходимон, аз ҷумла беш аз ҳазор нафар табибон ва 2 ҳазору 688 нафар ҳамшираҳои шафқат кор мекунанд. Дар ҳисоби иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд 938 адад кат мавҷуд буда, танҳо дар 9 моҳи охир 38 ҳазору 636 нафар мардуми бемор сиҳатманд гардидаанд.

СӮҲБАТИ ГУВОРО, ВАЛЕ НОТАМОМ

Ба муносибати таҷлили 100-солагии бемористони марказии шаҳр Аҳмадҷон Бобоҷонови ниҳоят серкору серташвиш ба чанд пурсишҳои мо посух дод.
— Солҳои охир бо дастгирӣ ва ташаббуси сарвари давлатамон ба соҳаи тиб диққати алоҳида дода, сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба дараҷаи байналхалқӣ наздик мешавад,— гуфт А. Бобоҷонов.— Масалан, чанде пеш сайёҳе аз Кореяи Ҷанубӣ, ки тибби он дар ҷаҳон нуфузи баланд дорад, нобаҳангом ба бемористони мо омад ва ба дардаш даво ёфт. Вай қабл аз рафтан бо сипосгузорӣ изҳор намуд, ки дар бемористони мо хизматрасонӣ аз хориҷа кам нест. Чунин фикру андешаро аз шаҳрвандони Русия низ шунидем.
— Ба муносибати 100-солагии шифохона чӣ гуна чорабиниҳо андешида шудаанд?
— Ният дорем, китоби хотира чоп карда, дар бораи таърих ва шифокорони собиқи табобатгоҳ нақл намоем. Аз манбаъҳои гуногун огоҳӣ ёфтем, ки соли 1870 дар яке аз мадрасаҳои Самарқанд бемористон ташкил кардаанд, ки 22 кати табобат ва ду нафар фелдшер доштааст. Дар он замон аз ҷониби губернатор ба шифокорон вазифа гузошта шудааст, ки ба мардум хизмати бепул расонанд. Шифохонаи шаҳр баъди Инқилоби октябр соли 1924 ташкил ёфтааст. Дар ҳамон вақт дар тасарруфи табобатхона 4 нафар шифокор, 3 нафар доя, як ароба ва се асп будааст. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ маҷрӯҳони армияи сурхро табобат мекардаанд. Албатта, мо хизматҳои шоистаи собиқ сартабибон Мӯсо Ҳаитов, Эркин Ҳамидов, Назира Нуруллохоҷаева, Шариф Ғаффоров ва дигаронро фаромӯш нахоҳем кард. Имрӯзҳо низ дар муассисаамон табибони соҳибэҳтирому соҳибтаҷриба кам нестанд. Мо бо Зуҳриддин Камолов, Уйғун Сиддиқов, Суръат Олимов, Ҳабибулло Муртазоев, Бектош Раҳматуллоев, Абдураҳмон Расулов, Абдулло Юсуфов, Олга Яъқубова ва дигарон ифтихор дорем.
— Агар вақти холӣ пайдо шавад, бо чӣ корҳо машғул мешавед?
Чанде пеш бо роҳбарии устодам, профессор Саидмурод Исмоилов рисолаи доктории фанҳои тибро ҳимоя кардам. Акнун ҳамон корҳои илмии худро идома медиҳам. Соли гузашта сазовори унвони профессор шудам. Ғайр аз ин, беш аз 300 мақолаҳоям дар нашрияҳои бонуфузи кишварамон ва мамлакатҳои хориҷа рӯи чопро дидаанд. Дар вақтҳои холӣ бо варзиш ва гулпарварӣ ҳам машғул мешавам. Дар оғӯши табиат — саёҳат карданро низ дӯст медорам.
— Шумо ғайр аз сартабибӣ, устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд ҳастед.
Маслиҳату насиҳати шумо ба шогирдон, шифокорони ҷавон?
— Табобат — санъати олиҷаноб аст. Адиби рус Антон Чехов навишта буд, ки ин пеша ҷасорат, фидокор, қалби пок, андешаи некро талаб мекунад.
— Пурсиши анъанавӣ: таманнои шумо?
— Ҳамкасбонам, яъне посбонони саломатиро бо рӯзи ходимони тиб муборакбод намуда, ба онҳо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Собири БУРҲОН,
муҳаррири калони бахши тоҷикии садо ва симои вилоят,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
рӯзноманигор.