ё худ андешаҳо дар бораи маданияти нақлиёти ҷамоатӣ
Ба калонсолон ҷой диҳем!
Дар филми «Домоди кӯҳӣ» як саҳна ҳаст. Вақте қаҳрамони филм — Холмурод ба автобус медарояд, ҳатто шахсони ба китобхонӣ машғулро «Ба калонсолон ҷой диҳед! Дар дохили автобус, дар ин ҳама ғалоғула китоб ба майнаи сар ҷой мешавад?!» — гӯён аз ҷо мехезонад ва ба калонсолон ҷой медиҳад.
Имрӯзҳо низ дар дохили автобус ҳолатҳои ба калонсолон ҷой надодани ҷавонон бисёр мушоҳида мешаванд. Ба курсиҳои автобус нишаста китоб хондану ба калонсолон ҷой надодани ҷавонон шояд дарди бахайр бошад. Дар ин гуна вазъият «китоб мехонад, шояд ба имтиҳоне омодагӣ бинад» — гуфта, андеша кардан мумкин аст. Вале дар гӯш гӯшмонак, дар даст телефон, ба тамошои наворҳои бефоида машғул шуда, ба шахсони солхӯрда ҷой надодани баъзе ҷавонон аз рӯи одоб нест ва ба маданияти мо дуруст намеояд.
Бадтар аз ҳама, ҳоло дар байни баъзе ҷавонон дар нақлиёти ҷамоатӣ ҳангоми ба калонсолон ҷой додан гӯё ҳуқуқ, ё ғурури онҳо поймол мешавад. Ҷиҳати дардноки ин масъала ҳам дар ҳамин аст. Вагарна дар автобусҳо ба калонсолон ҷой надодан пештар ҳам буд, вале на бо ин мақсад. Пештар ҷавоне ба шахси аз худ калон ҷой диҳад, дар чеҳраи ӯ эҳсоси ифтихор зоҳир мегашт, ҳоло баъзе ҷавононро мебинем, ки вақти ба калонсолон ҷой додан, гӯё аз ин амали худ шарм медоранд ва хиҷолат мекашанд.
— Ҷавонон ба шахсони калонсол, занҳо, ҳомиладорон, шахсони ногироидошта ва кӯдакон ҷой диҳанд, беҳтар аст, — гуфт кондуктори автобуси рақами 37‑и шаҳри Самарқанд Собир Холиқулов. — Зеро, курсиҳое, ки барои кӯдакон, ё шахсони ногироидошта пешбинӣ шудаанд, башуморанд ва ҳамаи автобусҳо ҳам ин шароитҳоро надоранд. Вале дар бештари ҳолатҳо ҷавонон ба ин тоифаи одамон ҷой намедиҳанд. Мо маҷбур мешавем, ки онҳоро даъват кунем, то ба дигарон ҷой диҳанд.
Эҳтирому эъзози калонсолон аз қадриятҳои қадимии мо ба шумор мераванд. Мо набояд маданияти баланди худро ба маданиятҳои пучу ботил иваз намоем.
Магар Пахши тугмаи «Стоп» хатост?!
Дар аксарияти автобусҳое, ки дар шаҳр ҳаракат мекунанд, тугмаҳои «Стоп» вуҷуд доранд. Мусофирон ба истгоҳи худ наздик шаванд, онро пахш мекунанд ва ронанда аз сигнали онҳо мефаҳмад, ки мусофире хоҳиши фуромадан дорад. Вале дар аксарияти автобусҳо ин тугмаҳо истифода бурда намешаванд ва дар ҳоли хароб қарор доранд: яке вайрон, дигаре канда гирифта ва саввуми бо «скотч» басташуда, дар баъзе автобусҳо аз зери тугмаҳои кандагирифта симҳо овезон меистанд, ки шояд қувваи барқ дошта ва хатарнок бошанд.
Тугмаҳои созро ҳам дар мавридҳои зиёд илоҷи истифода бурдан нест, чун ба ин баъзе ронандаву кондукторон роҳ намедиҳанд. Агар тугмаро пахш кунед, аз онҳо сарзаниш мешунавед. Ба онҳо «Кӣ мефарояд?!» — гуфта фарёд кардан қулай аст ва аз шумо ҳам фарёд зада ҷавоб доданро интизор мешаванд. Вале ҳама ҳам дар назди дигарон баланд кардани овози худро намехоҳад ва инро аз рӯи одоб намешуморад.
— Қариб ҳар рӯз бо автобус ба ҷои кор меояму бо автобус ба хона бармегардам, — фаҳмонд яке аз мусофирони автобус Ҷовид Саломатуллоев. — Борҳо мушоҳида намудаам, ки ба туфайли пахши тугмаи «Стоп» байни кондукторону мусофирон ғавғо ба миён омадааст. Ҳатто, боре автобусе дар истгоҳ наистода, гузашта рафт ва кадоме аз мусофирон тугмаи «Стоп»-ро пахш кард. Вале кондуктори автобус мӯйсафедеро, ки дар назди ман истода ва дасташро дар назди тугма гузошта буд, ба пахши тугма муттаҳам карда, суханони дурушт гуфт. Ҳол он, ки мӯйсафед гуноҳе надошт ва ман инро хуб медонистам. Ҳатто ҳамон мусофири тугмаро пахш карда ҳам, гуноҳ надошт, чунки автобус дар истгоҳ наистода рафта буд.
Тарафи дигари масъала ҳам ҳаст. Шояд аз сабаби он, ки бачаҳои хурдсол ҳудаю беҳуда ба ин тугмаҳо мерасанд, аз овози сигнал асаби ронандаву кондукторон хароб мешавад ва аз ин рӯ, беихтиёр аз ҳама пахш накардани тугмаро хоҳиш мекунанд. Аз ҷиҳати дигар, автобусҳо қариб дар ҳамаи истгоҳҳо ҳатман меистанд ва дар ин гуна ҳолатҳо шояд ҳоҷат ба пахши тугма набошад.
Кондукторон ба баландовозӣ мусобиқа мекунанд?
Расо 6 сол пеш дар бораи гулӯдаронӣ кардани кондукторон мақола навишта будам. Дар он бо доду фарёд истгоҳҳоро номбар кардани кондукторон танқид карда шудааст. Баъди мақолаи ман то имрӯз дар ин мавзӯъ боз даҳҳо мақолаҳои дигар навишта шуданд, вале самарае нест.
Дар ҳоле, ки дар қисми беруна ва паҳлӯи ҳамаи автобусҳо номҳои истгоҳҳои хатсайри онҳо як ба як навишта шудаанд, чӣ ҳоҷати гулӯдаронӣ кардани кондукторон аст? Ҳама аз ҳамон таблоҳо метавонанд хатсайри автобусҳоро фаҳманд. Агар шахсе таблоро хонда натавонад, метавонад аз ронанда ё кондуктор пурсад.
Бадтар аз ин, агар ду автобус дар як истгоҳ қарор гиранд, баъд мусобиқаи кондукторонро тамошо кунед. Яке кӯшиш мекунад, ки аз дуюмӣ баландтар дод занад, дуюмӣ ҳам бо тамоми овоз аз якуми пешдастӣ кардан мехоҳад.
Илоҷи ҳалли ин масъала, ки ба назари камина бисёр айб аст ва боиси дар назди сайёҳон хандахариш шудани маданияти мо мешавад, зудтар ба шартномаи брутто гузаштан аст. Ҳоло дар хатсайрҳое, ки электробусҳо ҳаракат мекунанд, ин гуна ҳолатҳо мушоҳида намегарданд. Чунки электробусҳо дар асоси шартномаи брутто фаъолият бурда, ба ронандагони онҳо на аз рӯи теъдоди мусофирон, балки аз рӯи километри тайнамудаашон маош таъин мегардад. Аз ин сабаб, онҳо барои ҷалби мусофирон талош ва гулӯдаронӣ намекунанд.
Бо овоз ҳам ба дигарон озор надиҳем
Ҳама медонем, ки дар дохили автобусҳо, хусусан агар автобус пур аз мусофир шуда бошад, ким-чанд хел овоз аз кунҷу канори он берун меояд. Яке бо ҳамроҳи худ, яке бо телефон сӯҳбат мекунад, яке овози телефони худро баланд карда, наворҳо тамошо мекунад ва аксарияти онҳо парво намекунанд, ки аз овозашон дигарон нороҳат мешаванд ё не.
Аз шахсони намозхон ва ба дини ислом таваҷҷӯҳ дошта борҳо шунидаам, ки бо овоз ба касе озор додан ҳам гуноҳ мегӯянд. Ҳеҷ як одами бомаданият бо овози баланд ҳарф намезанад, овози телефонашро ҳам баланд карда, навор тамошо намекунад, хусусан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ. Аз ин рӯ, хоҳ дар даруни автобус бошад, хоҳ дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо овози пасттар сӯҳбат карда, наворҳои телефонро ҳам бо гӯшмонак, ё бо овози паст тамошо кунем беҳтар аст.
Ин гуна ҳолатҳо аз он далолат медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам дар маданияти ҳаракат дар нақлиёти ҷамоатии мо камбудиҳову нуқсонҳо вуҷуд доранд. Барои рафъи ҳар як нуқси ҷомеа, аввало, ҳамаи мо — аъзои ҷомеа масъул мебошем. Аз ин рӯ, ҳар кас бино ба қудрати худ, хоҳ бо гуфтор бошад, хоҳ бо рафтор, барои бартараф намудани онҳо ҳисса гузорем.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.
