Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд аз соли 1994 ин ҷониб дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси забонҳои хориҷӣ дар мамлакат нақши арзанда дорад. Имрӯзҳо профессору омӯзгорон ва донишҷӯёни ин даргоҳи таълими олӣ бо рӯҳияи идона ҷашни 30-солагии ташкилёбии онро таҳти роҳбарии ректори донишкада Баҳодир Холиқов пешвоз мегиранд. Кафедраи забонҳои Шарқи Наздик низ дар ин ҷода саҳми намоён мегузорад.
Кафедра моҳи сентябри соли 2018 таъсис ёфта, дар сатҳи бакалаврӣ доир ба забонҳои арабӣ, хитоӣ ва туркӣ се ихтисос ва дар сатҳи магистратура 2 курси забоншиносии арабӣ ва хитоӣ вуҷуд дорад.
Илова бар ин, аз ҷониби устодони коршиноси кафедра забонҳои хитоӣ, туркӣ ва форсӣ ҳамчун забони дуюми хориҷӣ таълим дода мешаванд.
Профессору муаллимони кафедраи «Забонҳои Шарқи Наздик» дар самти илмии кафедра бо номи «Масъалаҳои назариявӣ ва амалии забонҳои Шарқ» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд.
Кафедра, инчунин, дар доираи ҳамкории Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд бо Донишгоҳи забонҳои хориҷии Шанхай ба таври анъанавӣ анҷумани байналмилалии илмиву амалиро дар самти «Арзишҳои умумиинсонӣ ва миллӣ дар Роҳи бузурги абрешим: забон, таълим ва маданият» мегузаронад.
Дар кафедраи мо нақшаи перспективии гузарондани корҳои илмӣ-тадқиқотии профессорону муаллимон тартиб дода шуда, дар натиҷаи назорати доимӣ зиёда аз 80 асари илмии профессорон ба табъ расид ва устодони кафедра дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ ва конфронсҳо мақолаву рисолаҳо ба табъ расондаанд. Дар доираи нақшаи тасдиқшуда, бо мақсади баланд бардоштани нерўи илмию педагогии кафедра аз ҷониби як қатор устодони ҷавон корҳои илмию тадқиқотӣ анҷом дода мешаванд. Якчанд профессорону омӯзгорони кафедра аз рӯи мавзӯъ ва соҳаҳои худ мустақилона корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд.
Ғайр аз ин, муаллимони кафедра бо мақсади баланд бардоштани ихтисоси худ ба курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси Ҷумҳурии Халқии Хитой рафта иштирок мекунанд. Аз ҷониби устодони кафедра якчанд дастурҳои таълимию методӣ нашр карда шуданд.
Дар кафедраи забонҳои Шарқи наздик ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълими миёна ва миёнаи махсус хуб ба роҳ монда шудааст. Профессорону омӯзгорони кафедра дар литсейҳои академӣ ва коллеҷҳои касбӣ технологияҳои инноватсионии таълимро васеъ ҷорӣ мекунанд. Бо мақсади таъмини муттаҳидӣ ва муттасилии таълим бо муассисаи таълими миёнаи умумии рақами 104‑и ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Пастдарғам, ки ба кафедра вобаста аст, барои ҷалби хонандагон ба муассисаҳои таълими олӣ ва қабули хатмкунандагон шартномаҳои ҳамкории таълимию методӣ баста шудааст. Дар бобати баланд бардоштани дараҷа ва расондани ёрии амалӣ ба муаллимон корҳои васеъ оғоз ёфтааст.
Кафедраи забонҳои Шарқи Наздик бо литсейи академии назди донишкада ва Маркази байналмилалии илмии Имом ал-Бухорӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Донишкадаи Конфутсии назди Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии Шанхай мунтазам амалӣ карда мешаванд. Дар доираи ҳамкорӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ, дарсҳои кушод, семинар-тренингҳо, озмунҳо ва суҳбатҳои даврӣ, инчунин, таҷрибаомӯзии донишҷӯён ташкил карда мешаванд.
Литсейи академӣ ва хонандагони мактабҳо пайваста бо маводи муаррифӣ оид ба самтҳои таълимии донишкада таъмин карда шуда, ҳар сол пеш аз оғози қабул ба соли нави хониш рӯзи «Дарҳои кушод» ташкил карда мешавад, ки дар байни хонандагони литсей, инчунин, мактаббачагон кори тарбиявй бурда мешавад.
Бобур ҚУРБОНОВ,
мудири кафедраи забонҳои Шарқи наздики
Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд.
