Рӯзҳои 13–14‑уми декабр дар Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд Олимпиадаи 5‑уми байналмилалии донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббии «Самарқанд‑2020» баргузор гардид.
Ин озмун, ки ҳамасола бо ташаббуси донишгоҳ баргузор мешавад, на танҳо барои санҷидани донишу маҳорати донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавон ва мукофотонидани онҳо, балки барои боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстонаи байналмилалии минбаъда ва ҳамкориҳои нав дар соҳаи илму маориф мебошад.
Дар олимпиада зиёда аз 730 нафар донишҷӯ аз 100 донишгоҳҳои тиббии ҷумҳурӣ, инчунин кишварҳои Германия, Малайзия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Россия, Туркия, Озарбойҷон, Украина, Беларус, Кореяи Ҷанубӣ иштирок намуданд. қариб 4 ҳазор нафар донишҷӯён, профессорон ва ректорони муассисаҳои тиббии хориҷӣ бевосита ва онлайн иштирок намуданд.
Вазири ҳифзи тандурустӣ Асилбек Худоёров, Вазири таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо Қӯнғиротбой Шарифов, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд Ҷасур Ризаев ва як гурӯҳ ректорони донишгоҳҳои тиббии хориҷӣ дар бораи аҳамияти озмуни байналмилалӣ, ки бори панҷум ташкил карда мешавад, ҳарф заданд.
Дар доираи Олимпиадаи 5‑уми байналмилалии донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббии «Самарқанд‑2020» як гурӯҳ устод-профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ, ки бо Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд дар ҳамкории зич фаъолият намуда, дар донишгоҳ бо салоҳият ва меҳнати худ намунаи ибрат мешаванд, унвони «Профессори фахрӣ»-и донишгоҳ супурда шуд.
Дар қисмати асосии олимпиадаи байналмилалӣ, ки бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ баргузор шуд, ширкаткунандагон дар ду марҳила дар асоси санҷишҳо ва малакаҳои амалӣ аз рӯи беш аз 40 риштаи тиб рақобат карданд. Дар баробари ин, зиёда аз 730 нафар донишҷӯён, ки ба таври анъанавӣ ширкат варзиданд, донишҳои амалии худро тавассути роботҳои насли 7‑ум, ки ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд, санҷиданд. Дар доираи олимпиада олимпиадаи байналмилалӣ байни донишҷӯёни Коллеҷи техникии тандурустии ҷамъиятии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва коллеҷҳои тиббии хориҷӣ ташкил карда шуд.
Илова бар ин, аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ ва варзидаи ҷумҳурии мо бахшида ба илмҳои фундаменталӣ, усулҳои тадқиқоти илмӣ ва дигар масъалаҳои мубрами тибби муосир барои донишҷӯён дарсҳои маҳорат, инчуинн барои бакалавру магистрҳо ва ординаторҳои клинкӣ аз ҷониби ректорони муассисаҳои олии тиббии хориҷӣ маърӯзаҳо ташкил карда шуданд.
Дар анҷоми олимпиада ғолибону ҷоизадорон, иштирокчиёне, ки фаъолона иштирок намуда, аз рӯи номинатсияҳо ғолиб дониста шуданд, бо диплом, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.
