Ҳафт мӯъҷизаи дунё
Ин ибодатхонаро, ки дар Осиёи Хурд ҷойгир аст, соли 356-уми пеш аз милод сохтаанд. Артемида дар Рими қадим бо номи Диана машҳур буда, ӯ илоҳаи шикор буд. Ба шарафи ин илоҳа дар Эфес (ҳоло дар Туркия) дар асри VI пеш аз милод ибодатхона сохта, пас аз сӯхтан дар соли 356-уми пеш аз милод барқарор кардаанд. Ба гуфти бостоншиносон дарозии ибодатхона 104 метр ва бараш 50 метрро ташкил мекунад. Сутунҳои сангини он бошад, аз 18 метр баланд буданд. Ибодатхонаро готҳо дар соли 262-юм яксон кардаанд.
Ибодатхонаи маъбудаи юнонӣ Артемида дар шаҳри Эфеси Осиёи Хурд «Мӯъҷиза»-и саввуми дунё мебошад. Ин ибодатхонаро аз мармар дар давоми 120 сол сохта, дар соли 550-уми пеш аз милод сохтмони онро ба охир расонидаанд. Кошонаро бағоят ҳашаматнок зеб додаанд. Дар пештоқи он пайкарачаҳои ноёб гузоштаанд. Дар соли 356-уми пеш аз милод Герострат ном шахс бо мақсади дар байни одамон шинохта шудан ба ибодатхона оташ мезанад. Вале номи ӯ дар таърих чун рамзи ваҳшоният боқӣ монд.
