Ҳайати намояндагони вилоятамон дар давоми ташрифи шаҳри Тянсзини Хитой дар корхонаҳои Pump Machinery, Tianjin Baili, Eguipent Group шуданд. Онҳо бо маркази инноватсияи илмию техникӣ ва зали намоишгоҳи корхонаҳо шинос шуда, оиди таърихи истеҳсол, ихтироъ ва нақшаҳои оянда сӯҳбат оростанд. Дар давоми ташриф иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев бо раиси компания Vu Jeyjun ва аъзои шӯрои идора музокираҳо гузарониданд.Дар вохӯрӣ истиқболнокии ҳамкориҳо муҳокима гардида, дар бораи рушди он фикру андеша ва таклифҳои худро баён карданд. Бахусус:-дар ҳамкорӣ ташкил намудани гурӯҳи корӣ, лмӯзиши имкониятҳои мавҷуд барои сохтани мини ГЕС ва лоиҳаҳои истеҳсолӣ;-ба роҳ мондани коркарди насосҳои оббарорӣ ба воситаи панелҳои офтобӣ;-барои коркарди стансияҳои офтобӣ ва шамол, масъалаи ба роҳ мондани истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва генетор баррасӣ гардид.Дар ҳамкорӣ барои амалӣ гардонидани лоиҳаҳои истиқболнок сӯҳбат карданд.Барои маълумот корхонаи Tianjin Baili Eguipiment Group яке аз корхонаҳои бузурги истеҳсолии генератор ва гидро насоси Хитой ба ҳисоб меравад Компанияи дар асоси давлат ва шарики ташкил гардида дар ҷараёни гирифтани қувваи барқ тамоми ускуна ва технологияхоро истеҳсол мекунад.
Ҳамкориҳо густариш меёбанд
