Ovozi.uz

Қабули сайёр: баррасии 332 муроҷиат

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ва роҳбарони секторҳои вилоят дар ноҳияи Каттақӯрғон қабули сайёр гузарониданд.
Дар ин қабули сайёр, ки барои сокинони ноҳияҳои Каттақӯрғон, Иштихон, Нарпай, Пахтачи ва шаҳри Каттақӯрғон ташкил гардид, шаҳрвандон аз рӯи масъалаҳои гуногун ба роҳбарони вилоят муроҷиат карданд.
Аксари муроҷиатҳо ба масъалаҳои бақайдгирии замину амвол, таҳияи ҳуҷҷатҳои кадастрӣ, иҷрои қарорҳои суд, ситонидани алимент, беҳбуди инфрасохтори минтақаҳо марбут буданд.
Азбаски дар қабул роҳбарони садорату идораҳо ва ташкилотҳои вилоятӣ низ иштирок доштанд, бештари муроҷиатҳо ба шахсони масъул ирсол гардида, барои саривақтӣ ҳал гардидани онҳо чораҳо андешида шуданд.
Тибқи маълумот, дар қабули сайёр 332 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст.
Қабули сайёри навбатии минтақавии роҳбарони секторҳои вилоят рӯзи 24-уми январ дар ноҳияи Пайариқ баргузор мегардад.