Ovozi.uz

Суруде, нағмае, оҳе!…

Фозил Шукурӣ дар навбати нахуст шахси эҷодӣ — шоир ва сипас шахси илмӣ — омӯзгор ва олим буда, беҳтарин донандаи грамматикаи забонҳои арабию порсӣ мебошад. Дар бораи як фарди эҷодӣ ва шахсияти илмӣ мақолаи тавсифӣ ва пажӯҳишӣ навиштан чун миёни зиндагиву марг сафар кардан баробари як кашфиёти илмист!
Ва инро худи шоир низ хуб дарк намудааст, ки ин маъниро дар байти зерин овардааст:
Аз мушкилоти одамӣ оламшиносӣ мушкил аст,
Дар олам аз ҳар мушкиле, одамшиносиӣ мушкил аст!…
Инак, перомуни китоби ашъори «Дилрӯшноӣ»-и Фозили Шукурӣ, ки фарогири гулчини ашъори ноби шоир буда, дар нашриёти «Қалам»-и шаҳри Самарқанд ба тозагӣ рӯи чопро дид, фурсати сухан гуфтан расидааст. Фозил инсони хокии некӯхислат ва шоири орифманиши оқил буда, дар ойинаи шеъраш тимсоли зоҳиру ботини «ман»-и ӯ тасвир гардидааст.
Рисолати шоирӣ. Шоир худро вориси содиқи пирони шеъри сарзамини Аҷам дониста, аз пири чашмаи хираду дониш Хизр мадад пурсида, онро нишони раҳнамоии роҳи рости ҳақиқат шинохтааст:
Гумраҳӣ бигзор, Хизри роҳро аз каф мадеҳ,
Ҳафт дарё пеши рӯ дорӣ, на роҳи вопас-о!…

Ин аст рисолати шоирии ӯ, ки мардуми гумраҳро аз роҳгумӣ ҳушдор намуда, шоиронро мардуми воҳиди умумибашарӣ шинохта, онҳоро раҳнамои роҳи рӯшани озодии инсоният аз зулмат маънидод намудааст:
Ҳамнишин бо аҳли дил будан хуш аст,
Нури ирфон бар дил афзудан хуш аст.
Шоирон дар асл худ як миллатанд,
Шабчароғи раҳнамо дар зулматанд.

I. Шинохти Ҳақ. Фозил Шукурӣ — шоири ориф ва олими диншинос ба тариқати нақшбандияи дини ислом мӯътақид буда, аз ин дидгоҳ ашъори худро эҷод намудааст. Дар ашъори ӯ вожаҳои ирфонии Аллоҳ, Раб, Офаридгор, Парвардигор, Яздон барои ифодаи ғояи солиму комили ашъори ирфонии ӯ оварда шудаанд. Шоир дар ашъори худ аз ҳадисҳои набавии «Ал-фақру фахрий», «Ҳубб ул-ватан мин ал-имон»-и паёмбари дини мубини ислом Муҳаммад (с. а.в) ва «Дил ба Ёру даст ба кор»-и Баҳоуддини Нақшбанд дар мавриди гуфтори мақсуди худ ба сифати таъбири ирфонӣ истифода намудааст:
Фахри ман аст фақри ниҳониву хушдилам,
Ганҷию гавҳарӣ ҳама, аз ту дилам пур аст!…
II. Ҳастишиносӣ. Дар ашъори Фозил ғояи ҳастишиносӣ ҳамоно бо ғояи ҳайрати ирфонӣ рабти ногусастанӣ дорад. Ӯ ҷаҳонро ба тимсоли ойинае мебинад, ки дар муқобили он зоҳиру ботини худро тамошо менамояд. Ин дидгоҳи ирфонию фалсафии шоир дар шеъри «Ойинавор»-и ӯ чунин тасвир гардидааст:
Ин ҷаҳон ойинаест,
ҳар чӣ мебинӣ дар он ойинаест!
Зоҳиру ботин ту чашму гӯш ҳастӣ,
фаҳму завқу ҳуш ҳастӣ.
Олами андешаиву рӯ ба рӯ
ошкорову ниҳон ойинаест.

Шоир дар ин тасвири парадоксӣ ба инсон рӯ оварда, ба тарзи насиҳат мегӯяд, ки:
Ҳусни аъмоли туву подоши он,
ҳам бувад аз ту ба ту ойинасон.
Нек бошу низ бадкорӣ макун,
пок шав аз раҳмати ойинасоз!
Акси ҳар аъмоли неку бад нигар,
ҳар ҷавоби мардумон ойинаест!

Шоир дар натиҷаи шеъри болоӣ ба хулоса омадааст, ки бояд инсон барои шинохти Ҳақ ва ҳастӣ бояд гавҳари ҳастии ботини худро бишносад:
Эй ки меҷӯӣ ту дидор ин ҳама,
кӯш то бошӣ сазовор ин ҳама.
Асли худ бишнос,
кашфи ин ҷаҳони роз кун,
Аз ғазаб ойина машкан,
чашми ибрат боз кун!…
Хештан бинӣ гаҳе дар партаваш,
ин ҳама шеъри равон ойинаест!…

Фазо ва Вақт. Тасвири бадеии Фазо ва Вақт, бебозгаштии ҳаракат, зиддият ва саҳнаи тағйирпазири ҳаёт дар шеърҳои фалсафии Фозил хеле рӯшан ва бо тимсоли бадеии шоирона инъикос гардидааст. Дар шеъри «Баргрезон» перомуни бебозгаштии Вақт чунин сурудааст:
Вақтро бар қафо натонӣ бурд,
нест ақрабак, ки тоб диҳӣ.
Боз рӯзе расад ба кардаи худ
боядат як ба як ҷавоб диҳӣ,
лоҷарам пеши Довари виҷдон!…

Ин навъи тасвир дар шеъри «Ин ҳаёт…»-и шоир рӯшан таҷассум гардидааст. Шоир ба тасвири саҳнаи ҳаёт пардохта, онро ба саҳнаи синамо ташбеҳ намудааст, ки дар рӯи саҳнаи он ҳар як нақшбоз нақши худро меофаринад. Фозил дар интиҳои шеъри ҳамосии худ, ба аҳли маънӣ ҳушдор медиҳад, ки ин саҳнаи ҳастӣ, филм не — ба чашми воқеӣ нигоҳ намоӣ — ҳаёт аст! Вай дар абёти охир ба иродаи озоди инсонӣ вобаста будани интихоби роҳи дурусти ҳаёт ишорат намудааст:
Бо шӯру ташвишу нишот
чун синамо сад бор не,

як бор меояд ҳаёт!
Дар ихтиёри мост, баҳри фатҳи боб
бар рост ё чап?!
Инак аз мо интихоб!…

Модар. Шоир дар бораи Модар ба андозаи як дафтар як фасли алоҳидаи китоби ашъори худро бахшидааст. Дар он ба таъсири ғоявии китоби «Модарнома»-и шоири забардасти беназири тоҷик Лоиқ ишорат шудааст…
Ватан. Мавзӯи Ватан ва ғояи меҳандӯстӣ дар ашъори ӯ ҷойгоҳи вижагӣ дорад. Нахустин шеъри китоби худро низ ба мавзӯи ватандӯстӣ бахшидааст. Шоир дар бораи зодгоҳ ва ватани худ ашъори зиёд суруда, аммо дар байни онҳо ногаҳон байте чун гавҳар суфта гуфтааст, ки ганҷи рози ниҳони ӯро рӯшан падид намудааст:
Ҳар кӣ дил рӯи каф ояд зи ту сад дил бибарад,
Ҳар кӣ санге ба каф ояд, ба сараш санг хӯрад…

Забони ашъор. Забони ашъори Фозил Шукурӣ бо забони мардумӣ ва оҳанги сабки хуросонӣ эҷод гардида, бо парниёни тасвири бадеӣ ороста шудааст. Раванди эҷодӣ. Раванди эҷодии шоир дар раванди ашъори суннатии ирфонӣ ва услуби бадеии сурреализм эҷод гардидааст.
Таносуби шакл ва мазмун. Таносуби ботинӣ ва зоҳири шеърҳои Фозил Шукурӣ ҳамоҳанг буда, бо истеъдоди баланд суруда шудаанд.
Шоир дар эҷоди шеър дар чаҳорчӯби вазну оҳанги ашъори адабиёти мумтоз маҳдуд нагардида, дар оҳанги шеъри озод шеърҳои тасвирии ҷаззоб сурудааст.
Тасвирҳои эстетикӣ. Дар ашъори шоир нигоҳи нозуки эстетикӣ хеле рӯшан инъикос гардида, ӯ ҳама ашёи манзараи олами ҳастиро бо нигоҳи нафиси шоирона мушоҳида намуда, ба силки шеър овардааст.
Хулосаи илмӣ. Эҷодиёти шоири ориф, олими адабиётшинос, омӯзгори маҳбуб ва рӯзноманигори моҳир Фозил Шукурӣ ҳаллу баррасии ин навишта кофӣ нест, зеро дар ашъори ӯ хизонаи асрори дили ӯ ниҳон аст, ки ин заррае аз он буду бас…

ХОҶА,
шоир ва пажӯҳишгар
.