Дирӯз дар вилояти Самарқанд бахшида ба «Тадбирҳои зиёд кардани даромади аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ ва иҷора дар асоси низоми нави муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» семинари намоишӣ шуда гузашт. Дар он роҳбарони вазорат ва идораҳо, ҳокими вилояти Самарқанд, инчунин ҷонишинҳои якуми ҳокимони вилоятҳои Ӯзбекистон ва ҳокимони ноҳияҳои шароиташ мушкили мамлакат иштирок карданд. Онҳо ба 7 гурӯҳ ҷудо шуда, бо корҳое, ки дар ин самт иҷро мешаванд, мушоҳида намуданд.
Иштирокчиёни семинари намоишӣ аз рӯи низоми нави таъсиснамудаи Сарвари давлат дар маҳаллаи Шӯрбоичаи ноҳияи Самарқанд дар заминҳои ба иҷора додашуда дар асоси тамоили «Як контур — як маҳсулот» бо ҷараёни парвариши сабзӣ, таъминоти бозорҳои дохилӣ ва содироти он шинос шуданд. Онҳо дар сари замини хоҷагии деҳқонии Отабек Илёсов сабзии зериплёнкагии ӯро диданд. Деҳқони ботаҷриба ба саволҳои онҳо ҷавоб гардонд. Аз нақли ӯ маълум шуд, ки дар кишти аввал асосан сабзии барвақтӣ мекорад. Агар сабзӣ сари вақт тайёр шавад, ҳатто ҳар як бандчаи онро аз якуним то ду ҳазорсӯмӣ фурӯхтан мумкин аст. Ҳар килояш аз 5 то 9 ҳазор сӯмӣ ба фурӯш меравад. Аз рӯи гуфтаи Отабек Илёсов маълум шуд, аз сабзӣ, карам, пиёзи сир, лаблабу ва пиёз даромади калон гирифтан мумкин будааст.
Дар ин ҷо муаррифии лоиҳаҳое, ки дар вилоят ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои аҳолӣ ба иҷора гирифта амалӣ мешаванд, баргузор гардид.
Дар маҳаллаи Деҳнав иштирокчиёни семинар бо рафти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ба бозори дохилӣ ва экспорт баровардани маҳсулот шинос шуданд. Дар ин ҷо аз рӯи тамоюли «Як маҳалла — як маҳсулот» кор мебаранд. Дар хонадони Абдураҳим Мақсудов дар 4 хол замин гармхона бунёд карда шудааст. Дар он алафи туршак, шалғамча, ҷавҳарӣ (петрушка) парвариш карда мешавад. Баъди ғундошта гирифтани он соҳибхона бодринг мекоридааст.
Мо дар ҳамин ҷо бо вакили бонк дар маҳалла Азизбек Камолов вохӯрдем.
— Аз соли 2019 то имрӯз барои пешрафти кори аҳолии маҳалла мо 3 миллиарду 100 миллион сӯм кредит ҷудо кардем, — гуфт А.Камолов. — Онҳо кредитҳои гирифтаашонро барои бунёди гармхона, хариди чорво ва барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ сохтани яхдонҳо сарф карданд. Бинобар ҳамин, худро бо кор таъмин карда, даромади калон ба даст меоранд. Бояд ҳамин чизро ҳам гӯям, ки дар ин маҳалла ягон нафар шахси бекор нест. Агар дар дигар ҷойҳо кор накунанд, аксарият бо деҳқониву чорводорӣ машғуланд.
Дар ин маҳалла гармхонаҳои зиёдеро дида, меҳмонон ба ҳайрат мемонданд.
— Ба кордонии сокинони ин маҳалла қоил нашудан мумкин не, — гуфт иштирокчии семинар, ҳокими ноҳияи Миришкори вилояти Қашқадарё Файзулло Ғуломов. — Дар мо ҳам гармхонаҳо ҳастанд, вале ниҳоят кам. Боз мисли деҳқонони ин ҷо соле то 4–5 ҳосил намегиранд. Ният дорем, ки таҷрибаи аҳолии маҳаллаи Деҳнавро дар маҳаллаҳои ноҳияи худ ҷорӣ намоем.
Дар шафати роҳи М‑37‑и назди маҳаллаи Қӯштамғалии ноҳияи Самарқанд дар доираи лоиҳаи умумимилии «Макони сабз» меҳмонон дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок карданд. Аз ҷумла, намояндагони Республикаи Қароқалпоқистон ҳам дар ин ҷо 26 бех ясен-шумтол шинонданд.
Меҳмонону иштирокчиёни семинар, бо корҳои ободониву азнавсозии маҳаллаи Конигил низ шинос шуданд. Дар ҳамин ҷо тақдимоти лоиҳаи туризм ва канори канали Сиёбча баргузор гардид.
Аъзои тамоми гурӯҳҳои семинар бо фаъолияти ҶММ «SAM AGRO CENTER» шинос шуда, дар ярмаркаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва бегоҳӣ дар толори дирексияи «Ширин» дар семинаре, ки бахшида ба мавзӯи «Тадбирҳои зиёд кардани даромади аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ ва иҷора дар асоси низоми нави муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» шуда гузашт, иштирок карданд.
ИСТИФОДАИСАМАРАБАХШИЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢВА ИҶОРА
