Собиқ футболбоз ва ҳоло соҳибмулки дастаи “Интер Майами”-и Амрико Дэвид Бекҳэм ҳамлагари аргентинӣ Лионел Мессиро новобаста ба давру замон беҳтарин футболбоз дар ҷаҳон эътироф кард.
“Ман фикр мекунам, ки Месси беҳтарин футболбоз дар ҷаҳон мебошад. Ба назари ман ӯ футболбози ҳамаи давру замонҳо аст” — нашрияи AS фишурдаи суханони Бекҳэмро иқтибос овардааст.
Ёдовар мешавем, ки Месси қаблан дар дастаҳои “Барселона” ва “ПСЖ” бозӣ кардааст. Лео тобистони соли 2023 ба “Интер Майами” пайваст. Шартномаи футболбоз то тобистони соли 2025 амал мекунад.
Тибқи хабарҳои охирин, Месси дубора ба “Барселона” баргашта, дар варзишгоҳи “Камп Ноу” бозии охиринро анҷом дода, бо мухлисон видоъ мекунад.
