Ovozi.uz

Дастаи Самарқанд — дар ҷойи дуюм

Дар мактаби варзишии ноҳияи Термизи вилояти Сурхондарё байни хонандагони синфҳои 5-10-уми мактабҳои таълими умумӣ марҳилаи ҷумҳуриявии спартакиадаи «Ҷоми вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ» аз рӯи намуди дзюдои варзиш баргузор гардид.

Хонандагоне, ки дар зинаҳои вилоятӣ ғолиб омадаанд, дар 14 вазн қувваозмоӣ карданд.

Дар ҳисоби умумӣ ҷои якумро вилояти Қашқадарё, ҷои дуюмро вилояти Самарқанд ва ҷои сеюмро вилояти Сурхондарё ва Ҷумҳурии Қорақалпоқистон гирифтанд.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқа дастаи вилоятамон 4 медали тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷиро ба даст оварданд.

Дар анҷом ба ғолибону ҷоизадорон диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Б.Аҳмадов,

ҷонишини раиси шӯъбаи вилоятии Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши “Ёшлик”.