Ovozi.uz

Акнун ҳамаи хатмкунандагон аз забони давлатӣ имтиҳон месупоранд

Бо фармони рақами 65-и Вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ аз 20-уми феврали соли 2025 тартиби гузаронидани аттестатсияи ниҳоии давлатӣ дар муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ муқаррар карда шуд.

Дар асоси ин ҳуҷҷат, рӯйхати фанҳое, ки аз рӯи онҳо дар муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ аттестатсияи ниҳоии давлатӣ гузаронида мешавад, шаклҳои гузаронидани имтиҳонҳо, рӯйхати сертификатҳои миллӣ ва байналмилалии фанҳои таҳсилоти умумӣ ва забонҳои хориҷӣ тасдиқ карда шуданд.

Тибқи он, аттестатсияи давлатии ҷамъбастии хонандагони синфи 9:

— аз фанни Забони модарӣ ва адабиёт (барои синфҳое, ки таълим ба забони ӯзбекӣ аст) — хаттӣ;
— аз Забони давлатӣ (барои синфҳое, ки забони таълим ӯзбекӣ нест) — хаттӣ;
— аз фани Математика — хаттӣ;
— аз фани Таърихи Ӯзбекистон — хаттӣ/даҳанакӣ;
— аз фани Тарбияи ҷисмонӣ — дар шакли амалӣ гузаронида мешавад.

Аттестатсияи ниҳоии давлатии хонандагони синфи 11:

— аз фанни Забони модарӣ ва адабиёт (барои синфҳое, ки таълим ба забони ӯзбекӣ мегузарад) — хаттӣ;
— аз Забони давлатӣ (барои синфҳое, ки забони таълим забони ӯзбекӣ нест);
— Математика (асосӣ) / Математика (амиқкардашуда) – хаттӣ;
— аз фани Таърих — хаттӣ;

Бо интихоби донишомӯз:

— Забони модарӣ ва адабиёт (барои синфҳое, ки таълим ба забонҳои қароқалпоқӣ, русӣ, қазоқӣ, туркманӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ аст), Биология, Физика, Кимиё, Асосҳои ҳуқуқи давлатӣ, География — хаттӣ;
— Имтиҳон аз забони хориҷӣ дар шакли хаттӣ/даҳонӣ гузаронида мешавад.