Ovozi.uz

Хусусияти себ

Ҳамаи навъҳои меваашро хӯранд, фараҳ мебахшад. Ба дил, майна ва ҷигар қувват мешавад.

Бӯиданаш ҳам, ҳамин гуна хислатҳоро дорост. Хӯрданаш барои дилтапак (дилбозӣ) ва душвории нафаскашӣ дору аст. Иштиҳоро мекушояд. Беҳтаринаш себи ширин аст. Себи туршро бисёр хӯред, шикамро пурбод месозад, мушакҳоро ба дард меорад. Дарунро мебандад, вале қай ва ташнагиро таскин медиҳад.

Барги тари дарахти себро гузошта банданд, варамҳои гармро дар аввали пайдоиш дафъ мекунад.

Одамони гарммизоҷ бояд себи туршро ва сардмизоҷон себи ширинашро тановул намоянд. Шахсони балғами мизоҷ бояд себи ширину нордонро хӯранд. Агар пас аз хӯрдани себ худро нороҳат ва вазнин ҳис намоед, ҳаргиз оби хунук нанӯшед ва то ҳазм шудани он дигар хӯрок ҳам тановул накунед.

Хӯрдани себи бемаза раво нест.