Ovozi.uz

Навбаҳор Турсунова: «Донишу меҳнат ва қобилият муҳим аст…»

Дар арафаи иди зан-духтарон Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи додани мукофотҳо ба муносибати 8‑уми март — Рӯзи байналмилалии бонувон» эълон карда шуд. Мувофиқи он як гурӯҳ бонувони фаъоли кишварамон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Дар байни онҳо Турсунова Навбаҳор Эшмуродовна, роҳбари Суди иқтисодии байниноҳиявии Ҷомбой низ ҳаст. Ӯ ба медали «Барои хизматҳои фидокорона» муносиб дониста шудааст. Мухбири рӯзномаи «Овози Самарқанд» бо ин бонуи хирадманду зукко суҳбат кард.

— Даставвал, шуморо бо мукофот ва фарорасии иди бонувон муборакбод мегӯем! Чӣ сабаб шуд, ки касби ҳуқуқшиносиро интихоб намудед? Оё ин соҳа барои бонувон душворӣ намекунад?

— Дар даври мактабхонӣ муаллимонамон байни донишомӯзон пурсишнома ташкил намуда, роҷеъ ба интихоби касб дар оянда мепурсиданд. Ман ҳамеша «рӯзноманигор мешавам» мегуфтам. Дар ёд дорам, ки ин пурсишномаро чанд бор гузаронида бошанд, дар ҳамааш ҳамин ҷавобро навиштаам. Чун ин касб ба эҷодкорӣ наздик асту ман гоҳ-гоҳ машқи шеърнависӣ ҳам мекардам. Аммо пас аз эътирози падарам соҳаи ҳуқуқшиносиро интихоб намудам. Ба пеши худ мақсад гузошта будам, ки «Ҳатман ҳуқуқшинос мешавам!» Дар ин соҳа ҳам даставвал, волидонам ба ман хайрхоҳ набуданд. Чунки онҳо дар ин соҳа кор кардани духтарашонро тасаввур карда наметавонистанд. Умуман, ҳамчун ҳуқуқшинос кор кардани бонувонро душвору хатарнок меҳисобиданд. Пас аз оне, ки соли 1999 ҳуҷҷатҳоямро ба бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурда, дар асоси грант донишҷӯ шудам, падару модарам қарорамро пазируфтанд.

Имрӯзҳо ягон соҳаи ҷамъиятро бидуни зан-духтарон тасаввур карда намешавад. Ба фикри ман, як соҳа ба бонувон мувофиқ намеояд, дигаре беҳтар гуфтан нодуруст аст. Зиёд шудани сафи бонувон дар соҳаи суд, дар ин сохтор боз ҳам бештар қарор ёфтани адолатро таъмин менамояд. Чунки зан на танҳо судя, балки модар ҳам мебошад. Барои ҳамин ӯ инсонҳоро жарфтар мефаҳмад.

— Ҳамсаратон ба касбатон чӣ гуна нигоҳ мекунанд?

— Ман бо ҳамсарам дар як соҳа фаъолияти худро пеш мебарем. Мо ҳар ду факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқандро пешу қафо хатм намудаем. Ҳеч гоҳ ба кор карданам зид набаромадаанд. Ҳамеша ба ман кумак карда, то қадри имкон ёрӣ мерасонанд. Ҳангоми таваллуди фарзандон барои бештар бо тарбияи онҳо машғул шудан чанд фурсат аз кор кардан таътил гирифтаам.

Дар ин муддат бо тақозои вазифаи шавҳарам ба вилоятҳои гуногун зуд-зуд кӯч мебастем. Дар ноҳияи Қумқӯрғони вилояти Сурхондарё аввал ҳамчун инспектори идораи сабти асноди шаҳрвандӣ, сипас ба ҳайси роҳбарӣ кор кардаам. Соли 2016 ба Самарқанд омада, пас аз як сол дар Суди иқтисодии шаҳри Самарқанд ба вазифаи ёрдамчии судя фаъолият намудам. Дар Иштихон ҳам чанд муддат ба вазифаи судя кор карда, аз моҳи январи соли 2021 ба иҷрои роҳбарии Суди иқтисодии байниноҳиявии Ҷомбой пардохтам. Имсол муддати панҷсолаам ба охир расид. Дар сохтори мо судяҳо ба муддатҳои панҷ сол, даҳ сол ва бидуни муддат таъин мегарданд. Дар моҳи декабри соли 2024 мувофиқи қарори Шӯрои олии судяҳо дубора ба ин вазифа таъин карда шудам.

Дар баробари ин, ба корҳои хона ҳам фурсат меёбам. Вақтамро барои ҳамаи корҳоям дуруст тақсим кардаам. Дар бисёр ҳолатҳо корҳое, ки бонувон рӯз анҷом медиҳанд, ман баъд аз кор иҷро мекунам. Ба ин ҳолат ҳамсарам ва фарзандонам низ одат кардаанд. Ғайр аз ин, барои аз ҳоли пайвандон хабар гирифтану тӯю маъракаҳо кам бошад ҳам вақт ҷудо мекунем. Агар вақт дуруст тақсим карда шавад, ҳеч кас аз шумо норизо намешавад.

— Ба фикри шумо зан барои ҳамқадами замони имрӯза шудан бояд чӣ гуна бошад?

— Зани имрӯза барои бо замон ҳамнафас шудан, сарфи назар аз вобаста будан ба кадом соҳа ё бахши ҷамъият, аз пайи омӯхтан ва пайваста такмил додани сатҳи дониши худ бояд бошад. Дар ҳама ҷо донишу меҳнат ва қобилият муҳим аст.

Дар мисоли худам гӯям, ҳама ҳуқуқшинос судя шуда метавонад, аммо роҳбарӣ — ин кори дигар. Дар роҳбарӣ масъулият ду баробар зиёд мешавад. Корхонаатон хонаи дуввумин мегардад. Бо садоқат вазифаро иҷро намуда, дар соҳа соҳиби ҳурмату эҳтиром гардидан мумкин аст.

— Шиори зиндагии шумо чист?

— Шиори зиндагии ман «Меҳнат, меҳнат, меҳнат, аз пайи меҳнат роҳат!» мебошад. Ман худамро як шахси масъулиятшинос ва ватанпарвар медонам. Чунки агар ба ман супориш дода шавад, мехоҳам онро то қадри имкон зуд ба анҷом расонам. Ҳеч гоҳ аз меҳнат кардан роҳи гурез намеҷӯям. Медонам, ки дар замири ин корҳоям натиҷаю пешравӣ мешавад. Шояд баъзе одамон ба қадри меҳнат намерасанд, аммо ман ҳамеша ба вазифаи худ аз таҳти дил амал мекунам ва кормандонамро низ ба ҳамин даъват менамоям.

— Ҳоло бонувон дар мисоли суди иқтисодӣ, ки шумо гувоҳаш мешавед, чӣ гуна муаммоҳо доранд? Чӣ гуна муроҷиатҳои онҳо бештар ба назар мерасанд?

— Имрӯзҳо ҳангоми ба ҷойҳо баромадану иштирок кардан дар қабулҳои роҳбарият гувоҳи он мешавам, ки ба бонувони соҳибкорамон, ба фикри шахсии ман, саводи ҳуқуқӣ намерасад. Аз кифоя набудани дониши ҳуқуқӣ бисёриҳо бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

Қонунҳои мо мукаммал бароварда шудаанд. Агар ба муроҷиатҳое, ки ба мо меоянд, аз рӯи қонун пурра амалӣ гарданд, ҳеч муаммо ба вуҷуд намеояд. Дар оқибати ба қонун риоя накардан, надонистани онҳо, ё дар ҳоли дониста ба бепарвоӣ роҳ додани соҳибкорон кори онҳо ба суд мерасад. Барои зиёд кардани сатҳи дониши одамон, махсусан, бонувонамон аз ҷониби Суди олӣ ва роҳбарияти ҳокимияти вилоят корҳои бисёр амалӣ мегарданд. Дар миқёси ноҳияамон ҳам мо кӯшиш мекунем, ки роҷеъ ба қонунҳои нави қабулгардида ба одамон саривақтӣ маълумот диҳем.

Ба таъбири Сарвари давлатамон гӯем, имрӯз ҳар як зан-духтар мушоҳиди ҷараёнҳои демократӣ не, балки иштирокчии фаъол ва ташаббускори он мебошад. Ин аз мо такмили ихтисоси пайваста, дар ҷараёнҳои сиёсӣ илму дониши худро истифода бурда, иштирок намуданро талаб мекунад. Мо бонувон бояд муносиби аҷдодони худ — Тӯмарис, Бибихонум ва дигар бузургон бошем.

— Таманнои шумо ба бонувон ва муштариёни рӯзномаи «Овози Самарқанд»

— Ман хонандагони рӯзнома ва ҳамаи бонувони муҳтарами кишварамонро бо фарорасии Рӯзи байналмилалии зан-духтарон табрик мегӯям. Ғайр аз ин, моҳи мартро моҳи ҷашнҳо гуфта метавонем, чун пас аз чанде айёми Наврӯзи Олам ташриф мефармояд. Ҳамаро бо ин ҷашнҳо аз самими дил муборакбод менамоям.

Мусоҳиб Шаҳзод КЕНҶАЕВ