Ovozi.uz

Имсол дар кадом ҳудудҳои Самарқанд чорабиниҳои Ҷашни Наврӯз баргузор мешаванд?

Чорабиниҳои асосии Ҷашни Наврӯзи имсола рӯзи 20-уми март дар Боғи марказии истироҳатии ба номи Алишер Навоӣ ва амфитеатри «Мӯъҷиза»-и шаҳри Самарқанд баргузор мегарданд.

Рӯзи 19-уми март дар массиви Қаросув низ тантанаҳои идона ташкил карда мешаванд.

Дар ҷашнвора намоишҳои саҳнавӣ, намунаи эҷоди шоирону нависандагон, сурудҳои нави санъаткорон дар васфи Ватан, табиат, ҷавонӣ ва зебоӣ, баромадҳои ансамблҳо, суратҳои рассомони муосир ба ҳозирон пешкаш карда мешаванд.

Чорабиниҳо дар кӯчаи Алишер Навоӣ, майдони Регистон, хиёбони Донишгоҳ ва дар ҷойҳои дигари ҷолиби диққати маркази шаҳр идома меёбад. Инчунин, аз ҷониби маҳаллаҳои вилоятҳо, муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорону ҳунармандон ярмаркаҳо, бозиҳои халқӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил карда мешаванд.

Онҳое, ки дар мусобиқаву озмунҳо фаъолона иштирок намуда ғолиб шаванд, мукофотонида мешаванд.

Рӯзҳои 16-19-уми март Наврӯз дар ноҳия ва шаҳрҳо ба таври густурда ҳамчун сайлҳои мардумӣ таҷлил мегардад.