Ovozi.uz

Китобхонӣ мазмуни ҳаётам аст

Норхол Бӯранова яке аз сокинони бомаърифату доишманди маҳаллаи Оқсойи ноҳияи Нуробод аст. Худ маълумоти олӣ дораду солҳо дар мактаби деҳааш омӯзгорӣ кардааст. Ҳоло синнаш аз ҳафтод гузашта бошад ҳам, ҳамон мехонаду меомӯзад ва шеър аз ёд мекунад. Дилбастаи ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ асту ба Ҳофизхониву Ҳофиздонии ӯ ҳама дар ҳайрат мемонанд.

— Мардуми мо аз китобхонӣ дур шудаанд. Аксарият рӯзномаву маҷалла ва китоб хондан намехоҳанд. Шумо аз овони бачагӣ китобхониро дӯст медоред. Меҳри шуморо ба китобхонӣ кӣ бедор карда буд?

— Ҷаҳони одамиро китоб нур мебахшад. Рушду камолоти инсоният, ҷамъият ба китоб пойбаст мебошад. Инсон бе хондани китоб мукаммал намешавад. Имрӯз агар шумо як саҳифа китоб хонед, аллакай шахси дирӯза нестед, ин мувафаккият аст. Агар нахонед, муддати даҳ рӯз ақиб мондаед. Мо бояд ба қадри вақт расем. Ҳофиз гуфтааст:

Вақтро ғанимат дон, он қадар ки битвонӣ,
Ҳосил аз ҳаёт, эй ҷон, ин дам аст, то донӣ.

Дар дили ман меҳри китобро хоҳари калониам, ки аз ман ду синф болотар мехонд, бедор кардааст. Ӯ бо дугонаи ҳамсинфаш мусобиқа баста, ҷамъи китобҳои тоҷикӣ ва ӯзбекии китобхонаи мактабиро хонда буданд. Ман бо дугонаам Гулчеҳра ба онҳо пайрави намуда, ба хондани китобҳои бадеӣ сар кардем. Аввалҳо кӯр-кӯрона мехондем, баъд аз он ки аҳамияти китоб ва моҳияти хонданро дарк кардем, китобхониамон ҷиддӣ гашта, китоб дӯсти қаринамон шуд.

Муаллими зиндаёдамон Холёр Дониев, ки мудири мактаб ҳам буданд, ба мо тартибу усули хондани китобҳои бадеиро меомӯзонданд. Дафтари умумӣ ташкил намуда, муаллифи китоб, таърихи нашри он ва дар ду сутун қаҳрамонҳои мусбат ва манфиро нависед, мегуфтанд.

Имрӯзҳо китобро аз сайтҳои гуногуни интернетӣ ва телефонҳо мехонанд. Ин мисли он либосҳое мебошад, ки аз нахҳои сунъӣ дӯхта шудаанд ва ба организм инсон зиён доранду аз табиияш фарқ мекунанд. Ҳар чизе набошад, табиияш муфид ва гуворост.

— Одамон ончунон кору рафтор мекунанд, ки ягон манфиате ба даст оранд. Шумо бештар мехонед. Вале аз хондан ягон фоида мебинед?

— Хондани китоб ба кас нури заковату илм мебахшад. «Як китоби хуб беҳ аз як хазинаи бузург аст», — гуфтаанд. Китоб — як сарнавишт, таърих, зиндагиномаи инсонҳои неку бад аст, ки мо дар зиндагӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешавем. Чӣ тавре, ки инсон бо истеъмоли хӯрок зинда аст, китоб ҳам барои одам ғизову озуқаи маънавӣ мебошад. Хондани китоб фоидаовару муфид буд, ҳаст ва ҳамин тавр мемонад.

Шахси китобхон фикри худро пурра, зебо ва таъсирбахш баён карда метавонад. Китоб ҳамеша мазмуни ҳаётам буд ва мебошад.

Китобу маҷаллаву рӯзномахонӣ барои ҳама, хусусан омӯзгорон ҳатмӣ бояд шавад.

— Мо медонем, ки девони Ҳофизро қариб аз ёд медонед. Барои чӣ ба Ҳофиз меҳри беандоза доред?

— Ман аз шеърҳои Хофиз завқи бадеӣ мегираму ба суханварӣ, сухандонӣ ва ҳассосияти шеъри ӯ қоил мешавам.Масалан, ба ин ғазали Хоҷаи ғайбдон эътибор диҳед:

Ин чӣ шӯрест, ки дар даври Қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.

Ҳар к-ӯ рӯзи беҳӣ металабам аз айём,
Иллат он аст, ки ҳар рӯз бадтар мебинам.

Аспи тозӣ шуда маҷрӯҳ ба зери полон,
Тавқи заррин ҳама дар гардани хар мебинам.

Аблаҳонро ҳама шарбат аз гулобу қанд аст,
Қути доно ҳама аз хуни ҷигар мебинам…

Гоҳо шеърҳои ин ду солики ҳақгӯю ҳақҷӯ -Ҳофизи Шерозӣ ва Мавлои Румро бо муқоиса мехонам. Дар ғазалиёти онҳо нозукиҳои шеър, зебоиҳои зиндагӣ, ҳақиқати ҳаётро дида, ба табъи равону салосату фасоҳати шеъри нобашон мафтун мегардам. Шеърҳояшон мисли офтоб рахшандаву тобанда аст.Мисол:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Дар суфтагиву мазмун касе ба Ҳофиз баробар нест. Шеърҳои Ҳофиз дар зиндагиам ба ман руҳи тоза бахшида, тасаллидиҳанда ва илҳомбахшандаи ҳаётам аст ва бароям қувваи нав эҳдо мекунад.

— Дар ҷавонӣ чӣ орзуҳо доштед ва кадомҳояш ҷомаи амал пӯшиданду кадомҳояш акнун имкон надоранд?

— Аз синфамон се-чор нафар орзу доштем, ки ба Душанбе рафта, ба донишгоҳ дохил шавем. Лекин омӯзгори фанни забон ва адабиётамон Холёр Дониев моро барои дохил шудан ба донишкадаи педагогии ба номи Садриддин Айнии Самарқанд ташвиқ намуданд. Орзуҳоямон баландпарвоз буд, лекин сухани устоди мӯҳтарамамонро нашикастем. Гулчеҳра ба шӯъбаи физика-­математика дохил шуду ман ба факултети забон ва адабиёти тоҷик. Гулчеҳра аз хонандаҳои иқтидорнок буд. Албатта, ба олими соҳаи риёзиёт шудан иқтидор дошт, лекин устодамон Холёр Дониев ояндаи мактабиро фикр карда будаанд. Мо ҳар ду омӯзгори мактаб шудем.

Аввалҳо ман ба касби омӯзгорӣ дилбастагие надоштам. Лекин баъде, ки ба кор сар кардам, нигоҳ карда, дар чашмони беғубори бачаҳои паси парта шавқи илмомӯзиро дида, қарор додам, ки муаллими хуб мешавам. Фикр мекунам, ки дарахти мақсуд мева андохт. Ҳосили заҳматҳои ман то ба кадом дараҷа аст, инро шогирдон медонанд…

Бо вуҷуди шеърдонӣ ба навиштани шеър ҷуръат накардам. Вазни арӯзро ба хубӣ намедонистаам. Аз хурдӣ ба суруду таронаҳо, ривояту масалҳо, афсонаву саргузаштҳо шефтаам. Дар ин ҷода устоди аввалинам модаркалони шодравонам буданд. Ман кӯшиш мекунам, ки то ҳадди имкон таърихи деҳаи Оқсой ва гузаштагони ин маҳалла, гуфтаҳои модарбузургамро зинда гардонам ва ба наслҳои оянда чун мерос гузорам.

Мусоҳиб Б.РУСТАМЗОД