ё ки кам кардани таъсири манфии онҳо вазифаи таъхирнопазири имрӯза аст
Дар барномаи давлатие, ки бо фармони роҳбари давлатамон тасдиқ карда шуд, барои ба тарзи муносиб ба номи сол таъмин намудани барқарории экологӣ, зиёд кардани дараҷаи сабзазоркунӣ дар кӯчаҳо, инчунин беҳдошти саломатии аҳолӣ ва ташаккули тарзи зисти экологӣ вазифаҳои васеъмиқёс пешбинӣ шудаанд.
Аз ҷумла, ҳаракати умумимиллии «Як миллион оилаи сабз» роҳандозӣ карда мешавад, ки дар он барои ба воситаи як ҷузъӣ ҳаёти рӯзмарра табдил додани тамоюлҳои экологӣ тарғиботи васеи тарзи зисти «Шаҳрванди экофаъол» пешбинӣ шудааст.
Яке аз тамоюлҳои асосӣ муайян шудани тарғиботи тарзи зисти солим, аз ҷумла баланд бардоштани маданияти тиббӣ, хӯрокхӯрии солим, пиёдагардии ҳаррӯза ва давидан дар худ орзуи миллати солимро ифода мекунад.
Ибни Сино дар «Қонуни тиб» қайд кардааст, ки инсон бо муҳити атроф дар алоқаи наздик мешавад ва дар навбати худ, омилҳои муҳити беруна ба саломатии ӯ таъсир мекунанд.
Аллома навиштааст, ки дар тарзи ҳаёти солим якум машқҳои ҷисмонӣ, сипас тартиби хӯрокхӯрӣ ва хоб мавқеи муҳим доранд. Ҳикмати «Ман баъди худ чор табибро мегузорам: инҳо офтоб, ҳавои тоза, об ва тарбияи бадан мебошанд»-и аллома барои имрӯз низ бағоят муҳим аст.
Ташаккули маданияти экологии аҳолӣ, ба саломатии худ боэътибор шудани шахсро давр тақозо мекунад. Моҳияти панди «Ҳаёт аз ҳаракат иборат аст» ба ҳаёти бисёр ҳамдиёрони мо ворид мешавад. Шумораи онҳое, ки ошноӣ бо ғизои солим доранд ва машғулотҳои ҷисмониро ихтиёр мекунанд, пайваста меафзояд.
Аҳамияти дар барномаи давлатӣ дар ин самт муайян гардидани вазифаҳои алоҳида дар ҳамин аст, ки дар байни аҳолӣ тарзи зисти солимро барқарор мекунад, тафаккурашро ғанӣ мегардонад, корҳои роҷеъ ба беҳдошти саломатии ӯро ба зинаи нав мебарорад.
Дар фармон пешбинӣ шудааст, ки дар шафати роҳе, ки алоҳида барои пиёдагардӣ ва велосипедронӣ барпо карда мешавад, ба воситаи шинондани дарахт ва растаниҳо «Кӯчаҳои сайри соягӣ» бунёд ва дар соҳилҳои дарё 80‑то объекти инфрасохтор ва беш аз 110 километр роҳи саломатӣ сохта шаванд.
Нақши тибби ибтидоӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ, барқарор намудани тарзи зисти солим дар ҷомеа беқиёс аст. Дар давоми даври гузашта барои ба аҳолӣ наздик намудани хизматҳои аввалини тиббӣ ва васеъ кардани шабакаи он корҳои ба эътибор молик амалӣ шудаанд. Пешбинӣ мешавад, ки ҷараёни трансформатсия, ки дар ин давр амалӣ карда мешавад, дар соли равон тамоман ба зинаи нав мебарояд.
Аз ҷумла, бар асоси фармон дар шифохонаҳои оилавӣ ва пунктҳои тиббии маҳалла сохтори самараноки расондани ёрии тиббӣ-санитарии ибтидоӣ роҳандозӣ гардида, фаъолияти шифохонаҳои марказии бисёрсоҳавӣ ба сифати шифохонаи маслиҳат — ташхисӣ (диагностикӣ)-и беморхонаҳои марказӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
— Ин тағйирот барои ба аҳолӣ боз ҳам наздик кардани сохтори ибтидоии тиб хизмат мекунад, — гуфт ҷонишини вазири тандурустӣ Элмира Боситхонова. — Фаъолияти шифохонаи маслиҳат-ташхисӣ бо танҳо аз муоина гузарондани бемор маҳдуд намешавад. Он имконият дорад, ки ба чӣ хел хизмати тиббӣ эҳтиёҷ доштани бемор, вай дар шароити хона бояд табобат гирад ё ки дар беморхона, аз рӯи ташхис ба беморхонаи ноҳия, вилоят ё ки дараҷаи ҷумҳурӣ роҳхат доданро муайян намояд. Шифохонаи маслиҳат — ташхиси нишондиҳандаҳои мавзеи мазкурро низ таҳлил мекунад. Дар асоси ин таҳлилҳо норасоиҳо бартараф гардида, сифати хизмати тиббӣ ва дараҷаи саломатии аҳолӣ беҳтар мешаванд.
Аз 1‑уми майи соли 2025 бо мақсади васеъ намудани имконияти истифодаи вакилони авлоди наврас аз воситаҳои санитарӣ-гигиенӣ амалӣ намудани барномаи «Дастҳои тоза» ва васеъ тарғиб кардани он дар байни аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи барномаи мазкур, дар ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ ва таълимӣ бо воситаҳои санитарӣ-гигиении зарурӣ таъмин намудани ҷойҳои дастшӯӣ, беҳдошти ҳолати техникии хонаҳои санитарӣ-гигиенӣ, дар муассисаҳое, ки бино сохта мешаванд, дар қисми дохилии бино ҷойгир кардани онҳо ба назар гирифта шудаанд. Барои ин Вазорати иқтисодиёт ва молия вазифадор шудааст, ки дар давоми соли 2025 ба ташкилотҳои буҷетӣ барои чорабиниҳои банди мазкур дар ҳолатҳои зарурӣ маблағи иловагӣ ҷудо кунад.
— Пандемияи коронавирус бори дигар то чӣ андоза муҳим будани «дастҳои тоза»-ро намоён кард, — гуфт Элмира Боситхонова. — Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба воситаи дастҳои тоза пандемияи коронавирусро мағлуб намуд. Чунки бемориҳои сирояткунанда, микроб ва бактерияҳои мухталиф ба воситаи дастҳои ношуста сироят мекунанд. Бемориҳое, ки бо ин роҳ сироят мекунанд, охир надоранд. Дар ҳифз аз онҳо ва ташаккули маданияти экологии аҳолӣ тамоюли «Дастҳои тоза» мавқеи алоҳида дорад. Истифодаи он дар оила, муассисаҳои таълимӣ ва хӯроки умумӣ ҳолати санитариро беҳтар мекунад. Бо он мо ба авлоди оянда, фарзанд ва набераҳоямон ҷомеаро бо натиҷаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва мусбӣ супурда метавонем.
Агар дар организм бемориҳои сирояткунанда пайдо шуда, ҳарорат баланд шавад, дар ҳолати вайрон шудани таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ ё ки нохушии дигар дар бораи микробҳо фикр мекунем. Ба чунин ҳолати нохуши ҳаётамон микробҳоро айбдор медонем. Вале фаромӯш мекунем, ки риоя ба қоидаи «Дастҳои тоза» дар пешгирии бисёр бемориҳо омили муҳим аст.
— Мақсади асосии аз ин чашмдошти мо пешгирии бемориҳои сирояткунанда ва инфексияҳои рӯда аст, — гуфт сардори Садорати Кумитаи осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷомеа Ҷуман Тӯйчиев. — Ин дар навбати худ, ба кам шудани бемориҳои сирояткунандае меорад, ки ба воситаи дасти ношуста, холигии даҳон сироят мекунанд. Баланд бардоштани маданияти санитарии аҳолӣ ба беҳдошти муҳити атроф, шароити хӯрокхӯрӣ, истироҳат, фаъолияти меҳнат ёрӣ медиҳад.
Дар фармон муайян шудааст, ки то 1‑уми июли соли 2025 вазифаи таъмин кардани лабораторияҳои Кумитаи осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатиро бо ҷиҳозҳое, ки барои муайян намудани трансравғанҳои таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ зарур аст, иҷро карда шавад.
Мувофиқи маълумотҳои ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар дунё наздик ба 5 миллиард одам аз чунин маҳсулоти зарарнок ҳимоя карда нашудаанд. Ин хасташавии дил ва хавфи маргро зиёд мекунад.
Солҳои охир истифодаи трансравғанҳо ба дараҷаи назаррас афзудааст. Чунки онҳо одатан нисбати равғанҳои барои организм фоиданок арзонтар ва як қатор хусусиятҳои кимиёвӣ ва физикӣ доранд. Мисол, дар ҳарорати хона дар ҳолати сахт мемонанд, бинобар ин, истифода бурдани онҳо барои коркарди хӯроквориҳои гуногун мусоид аст.
— Дар таркиби Кумитаи осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷомеа лабораторияи нав фаъолият оғоз намуд, — фаҳмонд Э.Боситхонова. — Дар онҳо трансравғанҳоро муайян ва таҳлил мекунанд. Ба воситаи хулосаҳои лабораторӣ ҳангоми дар таркиби маҳсулот аз меъёр зиёд будани ин моддаҳо, ҳатто барои таҳқиқ намудани онҳо имконият фароҳам оварда мешавад. Чунки трансравғанҳо ба тағйироти патологии функсияҳои узвҳои муҳимтарини организми инсон меорад.
Умуман, дар пеш вазифаҳо бисёр аст. Мақсади пешбинишуда бузург — баланд бардоштани қадри инсон. Ҳуқуқи зиндагӣ кардани ӯ, таъмини саломатиаш, гирифтани нафас аз ҳавои тоза, гузарондани умри комилу пурмазмун дар ҳар як банди ҳуҷҷат ифодаи худро ёфтааст. Ин дар навбати худ далолат медиҳад, ки мамлакатамон дар роҳи рушд ва болоравӣ бардавом пеш меравад.
Рисолат МАДИЕВА,
Тарҷимаи Т.АЗИМОВ аз «Янги Ӯзбекистон», № 32.
