Ovozi.uz

Таъсири брутто-шартномаҳо ба нақлиёти ҷамоатии Самарқанд

Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки масъулони Садорати нақлиёти вилоят барои кормандони васоити ахбори умум анҷумани матбуотӣ гузаронида шуд.

— Имрӯз дар вилоят 2772 воситаи нақлиётӣ дар 348 хатсайри муайяншуда, 18232 нафар шаҳрванд бо 18675 воситаи нақлиётӣ шуғли худро дар таксии бесамт таъмин карда, хизмат мерасонанд. Инчунин, 89 корхона бо 189 мошини сабукрави рақамаш ТТ дар хизмати аҳолӣ аст, — гуфт дар оғози анҷумани матбуотӣ сардори Садорати нақлиёти вилоят Маҳмуд Узоқов. — Дар соли 2024 ба вилоят 119 автобуси замонавӣ (94 электробус, 25 автобус) ва 13 микроавтобус оварда шуд. Онҳо ҳоло дар самтҳои мусофиркашонӣ хизмат мекунанд. Инчунин, дар баланси корхонаи «Самарқандйӯловчитранс» 100 электробус мавҷуд буда, ҳоло онҳо бар асоси шартнома ба 9 самт вобаста карда шудаанд. Корхонаи мазкур соли гузашта ба 2883,3 ҳазор нафар мусофирон хизмат расонд. (нисбати соли 2023 ба 84,7 дарсад зиёд).

Таъкид гардид, ки корхонаи давлатии «Трамвай линияларини эксплуататсия қилиш дирексияси» дар самтҳои «Вокзали роҳи оҳан — шаҳраки Сартеппа» ва «Вокзали роҳи оҳан — бозори Сиёб» дар як рӯз ба ҳисоби миёна ба 10500 нафар мусофир хизмат мерасонад.

Дар соли 2024 ҳамагӣ ба 3 миллион мусофир хизмат расонда шуд. Пешбинӣ шудааст, ки дар чоряки якуми соли 2025 ба 600 ҳазор мусофир хизмат расонда мешавад ва дар самти «Вокзал — бозори Сиёб» шумораи якрӯзаи хизматрасонӣ 14 ҳазор мусофирро ташкил хоҳад кард. Қайд карда шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 16‑уми феврали соли 2023 «Дар бораи чораҳои ислоҳи сохтори нақлиёти ҷамъиятӣ» ҳоло дар 20 самти автобусҳои шаҳри Самарқанд бар асоси озмунҳои тендерӣ бо хоҳишмандоне, ки мехоҳанд, хизмати нақлиётӣ расонанд, брутто-­шартномаҳо ба имзо расидаанд.

Ҳоло бар асоси сарнақшаи нақлиёти ҷамоатии шаҳри Самарқанд барои овардани автобусҳои нав ва ҷойгир кардани онҳо бо субъектҳои соҳибкорӣ кор бурда мешавад.

Дар вилояти Самарқанд инчунин, дар самтҳои Тошканд — Самарқанд, Тошканд — Пайариқ, Тошканд — Ҷӯш, Навоӣ — Зиёваддини байнишаҳрӣ ҳаракати мунтазами автобусҳо роҳандозӣ шудаанд.

М.Узоқов дар бораи нақшаҳои соли 2025 ҳарф зада, гуфт, ки имсол субъектҳои соҳибкории маҳаллӣ мехоҳанд 112 автобуси замонавӣ ва 80 микровтобус оварда, дар самтҳои ҳаракат ҷойгир кунанд. Дар 23 самт тендери электронӣ гузаронида, зина ба зина бар асоси брутто-­шартнома хизмат расонанд.

Дар мавзеи Чӯпонато сохтмони автовокзали нави замонавиро анҷом медиҳанд. Ба мақсади фаро гирифтани маҳаллаҳое, ки ҳаракати нақлиёти ҷамоатӣ ба онҳо наздик нест, 12 самти нав ташкил карда мешавад.

Дар охири анҷумани матбуотӣ М.Узоқов ба саволҳои кормандони ВАО оиди норасоиҳои хизматрасонии нақлиёти ҷамоатӣ, фаъолияти ронандагон ва ғайра ҷавоб дод.

Марҷона КАРИМОВА,
шунавандаи мактаби «Маҳорат»-и рӯзнома
.