Дирӯз дар мактаби рақами 62-и шаҳри Самарқанд чорабинӣ оид ба ҷашни Наврӯз шуда гузашт. Дар он донишомӯзон, мураббиёни мактаб, падару модарон ва ходимони воситаҳои ахбори умум иштирок карданд.
Дар чорабинӣ донишомӯзон бо шеъру таронаҳо ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ баромад карда, дили ҳозиринро шод намуданд. Иди Наврӯзро ҳар сол хурду калон бо завқу шавқ ҷашн мегиранд, — гуфт ҷонишини директори мактаб оид ба корҳои маънавият М.Ҷавдатова. — Боварӣ дорам, ки Наврӯзи имсола боз ҳам зебову пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Ташаккур ба муаллима Дилшода Ҳамроқулова, ки дар давоми чанд вақт бо шогирдон тайёрӣ дида, ин гуна шеърхониву намоишҳо, саҳначаҳои дилкашро пешкаши тамошобинон карданд.
Дар давоми чорабинӣ чистонҳое, ки аз тарафи донишомӯзон гуфта шуданд, ҷавобҳои худро ёфта, ғолибон соҳиби мукофот шуданд.
Дар охир рақсу таронаҳои гулдухтаракон ба саҳна зеби дучанд бахшид.
Наврӯз БОБОАҲМЕДОВ
