Кунҷид гиёҳест яксола. Пояи рости сершоха, барги нештаршакли думчадор, гули зангӯлашакли сафеду гулобӣ ё бунафш, ғӯзаи сабзу сурхтоби дарозрӯя, тухми зағирмонанди сафеду зард, қаҳварангу сиёҳ дорад. Онро дар саноати хӯрокворӣ ва техника истифода мебаранд.
Дар тибби қадим низ васеъ истифода мешуд. Табибони чинӣ тухми кунҷидро чун воситаи рӯҳафзо ва позаҳр истифода менамоянд.
Он барои ҷойҳои кафидаи пӯст малҳам аст. Равғани бо шираи сабр (алоэ) ва шарбати ангур омехтаашро ҳангоми диққи нафас кор мефармоянд.
Табибони мардумӣ равғани кунҷидро барои муолиҷаи ҷароҳат, захмҳои сӯхта, гӯшдард, хушкидани димоғ ва ҳангоми газидани ҳашарот тавсия медиҳанд. Ба ақидаи табибон, кӯфтаи кунҷид бо набот сӯзиши меъда ва сурхрӯдаро нест мекунад. Аз он ва муми занбӯри асал мумравған тайёр карда, ба рӯй моланд, ранги чеҳраро соф ва мулоим мекунад.
