Бо мақсади баланд бардоштани оммавияти варзиш дар байни ҷавонони маҳалла ва тарғиби тарзи ҳаёти солим гузаронидани мусобиқаҳои Ҷоми хидмати бехатарии давлатӣ оид ба футбол ва мини-футбол анъана шудааст. Тавассути ин мусобиқаҳо ҳамасола дар байни ҷавонони маҳалла бозигарони боистеъдод муайян ва дастгирӣ карда мешаванд.
Дар чорабинии бахшида ба оғози мусобиқаи Ҷоми хидмати бехатарии давлатӣ, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Иштихон баргузор гардид, масъулони ҳокимияти вилояти Самарқанд, садорати вилоятии ХБД ва садорати варзиш варзишгаронро бо оғози мусобиқа табрик ва ба дастаҳо муваффақият орзу намуданд.
Пас аз он барои мусобиқаҳои Ҷом қуръапартоӣ баргузор шуд ва нахустин вохӯрии расмӣ байни дастаҳои маҳаллаҳои Бӯстон ва Хонақаи ноҳияи Иштихон баргузор гардид.
Писарони аз 16 то 30-сола дар футбол ва мини-футбол ва духтарон дар мини-футбол ширкат мекунанд. Баргузории мусобиқаҳои интихобии ноҳиявии (шаҳрии) Ҷом дар моҳҳои апрел-май, марҳилаи вилоятӣ дар моҳҳои июн-июл ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дар моҳи август ба нақша гирифта шудааст.
