Ovozi.uz

Тими ҷавонони Ӯзбекистон бар АМА шикаст дода, ба нимафинал роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Ӯзбекистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Дар дақиқаи 14-уми бозӣ Алиев бо як суперголи ҷаримавӣ ҳисобро кушод ва дар дақиқаи 36-ум дублро анҷом дод.

Инчунин, дар дақиқаҳои охирини ба қисми аввал иловашуда Сайфиддин Содиқов аз пеналтӣ истифода бурда, ҳисобро боз ба як зина боло бурд. Аммо дар дақиқаи 67-уми қисми дуюм ба Муҳаммад Бутӣ як гол задан муяссар гардид.