Дар чорабинӣ, ки ба муносибати ифтитоҳи мавсими театрӣ ташкил карда шуд, намояндагони ҷамоатчигӣ, соҳаи туризм ва роҳбарони ширкатҳое, ки дар бахши сайёҳӣ фаъолият доранд, ширкат доштанд.
Дар он санъаткорони вилоятамон баромад карда, маҳорати худро намоиш доданд. Оркестр аз рӯи ашъори шоирони классик — Алишер Навоӣ, Бобур, Умари Хайём ва эҷодкорони дигар асарҳои мусиқиро иҷро намуд.
Минбаъд, оҳангҳои оркестри симфонӣ ва муаррифии мусиқии миллӣ ду маротиба дар вақтҳои муайян барои сайёҳоне, ки ба Самарқанд меоянд ва дӯстдорони мусиқии миллӣ тақдим карда мешаванд.
Ин бошад истифода намудани имконият барои боз ҳам такмил додани сайёҳӣ буда, ба шавқманд гардонидани сайёҳони хориҷӣ нисбати мусиқии миллиамон хизмат менамояд.
