Тибқи қарори ҳокими вилоят аз 15-уми апрели соли 2025, меъёри тарифҳои маҳдуд барои ҳаракати нақлиёти мусофирбари шаҳр — автобус, электробус ва трамвайҳо дар ҳудуди шаҳри Самарқанд тағйир дода шуд.
Аз рӯзи эълони қарор маблағи роҳкиро барои як мусофир чунин муайян гардид:
а) дар ҳолати пардохт бо пули нақд – 3000 (се ҳазор) сӯм;
б) дар ҳолати пардохт бо кортҳои бонкӣ ё нақлиётӣ – 2000 (ду ҳазор) сӯм.
Ҳамчунин, дар қарор зикр шудааст, ки ҳаракати тамоми хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳр то соати 22:00 ва дар хатсайрҳои туристӣ то соати 23:59 таъмин карда шавад.
