Ин дафъа ба муносибати 9-уми май. Ин дуюмин эълони сулҳ давоми даҳ рӯзи охир аст.
Сайти расмии президенти Русия ин қарорро нашр кардааст. Дар он зикр мешавад, ки “бо назардошти ҷанбаи инсондӯстӣ ва дар арафаи 80-солагии Рӯзи Ғалаба, аз 8-уми май то 11-уми май, ҷониби Русия оташбас эълон менамояд. Дар ин давра тамоми амалиёти ҷангӣ қатъ хоҳад шуд”.
“Русия чунин меҳисобад, ки ҷониби Украина низ аз ин иқдом пайравӣ мекунад. Дар сурати риоя нашудани сулҳ аз ҷониби Украина, армияи Русия ҷавоби мувофиқ медиҳад”, — таъкид мегардад дар хабар.
Мавқеи ҷониби Украина ба ин “қарори сулҳи Русия” ҳоло маълум нест. Мақомоти расмии ин кишвар қарори сулҳро шарҳ надодаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Русия эълон кард, ки аз соати 19-ум то 21-уми апрел ба муносибати иди «Пасха» тамоми намуди амалиёти ҷангӣ дар Украинаро қатъ мекунад. Он вақт Украина аз ин қарор ҷонибдорӣ карда буд.
