Ба ин мақсад аз самолётҳои боркаши Boeing 777F, ки ба баландии 13 километр мерасад, истифода бурдан мумкин аст.
Олимони Коллеҷи донишгоҳии Лондон кашф карданд, ки бидуни эҷоди ҳавопаймоҳои нав аз ҳавопаймоҳои мавҷуда барои хунук кардани сайёра истифода бурдан мумкин аст. Гап дар сари усули илова кардани зарраҳои хурд ба атмосфера, ки нури офтобро бармегардонад ва барои паст кардани ҳарорати рӯи Замин хизмат мекунанд, мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи Earth нашр шудааст.
Пештар барои ин аэрозолҳоро хеле баланд — ба баландии тақрибан 20 километр дар ҳудуди экватор бароварданро талаб мекард. Ин сохтани самолётҳои махсусро талаб мекунад.
Натиҷаҳои тадқиқоти нав нишон медиҳанд, ки агар зарраҳо ба баландии 13 километр дар наздикии қутбҳои Замин, масалан, дар Норвегия ё Аляска пароканда шаванд, ба хеле хунук шудани ҳарорат ноил шудан мумкин аст. Барои ин аз ҳавопаймоҳои оддии боркаши Boeing 777F низ истифода бурдан мумкин аст. Бо вуҷуди ин, олимон тамоми имконоти мавҷударо барои мубориза бо тағирёбии иқлим меомӯзанд.
Тибқи пажӯҳиш, ин усул то ҳол зарурати коҳиши партовҳои газҳои гармхонаҳоро иваз намекунад. Ҳалли воқеии муаммои гармшавии глобалӣ ин нил гардидан ба кам кардани изи карбон мебошад.
