Нашрияи DM бо такя ба ҳисоботи гурӯҳи байналмилалии муҳаққиқон хабар дод, ки ин боиси афзоиши назарраси сатҳи баҳрҳои ҷаҳонӣ мегардад.
Қабати яхи нимҷазира метавонад то соли 2100 аз панҷум қисм ба як қисм кам шавад, ки барои ҳайвоноти қутбӣ, аз ҷумла пингвинҳо ва наҳангҳо оқибатҳои ҷиддӣ ба бор орад ва метавонад бо ҳодисаҳои фоҷиабор анҷом ёбад, қайд мекунад нашрия.
«Тағйирот дар Антарктида тавассути баланд шудани сатҳи баҳр, тағйирот дар таъсири мутақобилаи уқёнус-атмосфера ва тағйирот дар гардиши об ба боқимондаи ҷаҳон таъсир мерасонад», — гуфт муаллифи асосии ин таҳқиқот, профессори Донишгоҳи Нюкасл Беван Дэвис.
