Ovozi.uz

Мувофиқи қарори президент, аз соли 2026 ба кормандони соҳаи тиб як қатор имтиёзҳо дода мешаванд

Мувофиқи қарори президент, аз соли 2026 ба кормандони соҳаи тиб як қатор имтиёзҳо дода мешаванд:

• Ҳар сол ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб мукофотпулӣ ба андозаи ҳадди ақал ба миқдори моҳона дода мешавад.

• Озмунҳои «Шифокори беҳтарин», «Беморхонаи беҳтарин», «Роҳбари беҳтарин » баргузор гардида, ба ғолибон ҷоизаҳо то 500 миллион сӯм ва имконияти таҳсил дар хориҷа дода мешаванд.

• Аз 1-уми апрели соли 2026 ҳафтаи кории 5-рӯза ҷорӣ мегардад.

• Ба фарзандони шифокороне, ки таҷрибаи корӣ доранд, то 30 фоизи маблағи шартнома пардохт мешавад.

• Ба 500 нафар корманди ботаҷриба ҳар сол 25 фоизи пардохти ибтидоии ипотека пардохт карда мешавад.

• Арзиши мақолаҳои илмӣ пурра ҷуброн карда мешавад.

• Ба кормандони муассисаҳои аккредитатсияшуда ба миқдори 10 фоизи музди меҳнаташон мукофотпулӣ дода мешавад.

• Ба кормандони дорои таҷрибаи чандинсола хизматрасонии бепули санаторӣ ва тиббӣ пешниҳод карда мешавад.

• Пардохтҳо барои хизматрасонии давлатӣ ду маротиба кам мегардад.