Ovozi.uz

Истиқболи иди касбии бунёдкорони ҳаёти нав

Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон дар саросари кишвар васеъ ҷашн гирифта шуд. Кормандони пешқадаму ташаббускор, ки дар соҳа фидокорона меҳнат мекунанд, бо ташаккурнома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Бахусус, дар базмгоҳи “Мӯҷиза”-и шаҳри Самарқанд ба муносибати иди касбии бинокорони Ӯзбекистон тадири бошукӯҳ доир гардид. Дар он ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов, бинокор ва муҳандисони фаъолу фидокори соҳа, усто ва меъморон, намояндагони ташкилотҳои лаиҳачӣ ва пудратӣ иштирок карданд.
Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрик намуда, иброз дошт, ки бинокорону муҳандисон дар бунёди симои нави Ӯзбекистони Нав, таъмини аҳолӣ бо хонаву ҷойи арзон ва босифат, амалӣ кардани корҳои бунёдкорӣ дар мамлакат меҳнати босамар менамоянд.
Зимни чорабинӣ ба як гурӯҳ намояндагони соҳа, ки дар соҳаи сохтмон содиқона ва фидокорона кор мебаранд, ташаккурнома ва туҳфаҳои хотиравии ҳокими вилоят тақдим карда шуд.
Ёдовар мекунем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 7-уми августи соли 2017 “Дар бораи ҷашн гирифтани Рӯзи кормандони соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ҳамасола дар якшанбеи дуввуми моҳи август Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон васеъ истиқбол гирифта мешавад.