Ovozi.uz

ДАР БОРАИ ЗИЁД КАРДАНИ МУЗДИ МЕҲНАТ, НАФАҚА ВА КӮМАКПУЛӢ

Бо мақсади васеъ намудани доираи чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, давом додани сиёсати пайваста афзун гардондани даромади шаҳрвандон нигаронда шудаанд, инчунин, пурзӯрсозии ҳифзи иҷтимоии онҳо, ҳамзамон рағбатноксозии иловагии меҳнати педагогҳо ва кормандони тиббӣ:

  1. Аз 1-уми сентябри соли 2024 миқдори нафақа ва кӯмакпулиҳо 15 дарсад зиёд карда шавад. Дар ин самт:
    – миқдори базавии ҳисоби нафақа – моҳе 428 000 сӯм;
    – миқдори ҳадди ақалли нафақа бинобар синну сол – моҳе 834 000 сӯм;
    – миқдори ҳадди ақалли нафақа бинобар ногироӣ – моҳе 920 000 сӯм;
    – миқдори дигар нафақа ва кӯмакпулиҳо, ки ба шаҳрвандон дода мешаванд мувофиқи илова муқаррар карда шавад.
  2. Аз 1-уми октябри соли 2024:
    – миқдори музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷавии тиббӣ, инчунин, педагогҳо, ки дар муассиса ва ташкилотҳои таълими томактабӣ, таълими умумӣ, миёнаи махсус, касбӣ ва берун аз мактабӣ, хонаҳои интернатии “Мурувват”, хонаҳои бачагон ва меҳрубонӣ, истироҳатгоҳҳои бачагона кор мекунанд, 15 дарсад зиёд карда шавад.
    – миқдори музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷавӣ, ба истиснои кормандони дар сархати дуюми ҳамин банд зикргардида, 10 дарсад зиёд карда шавад;
    – миқдори ҳадди ақали музди меҳнат – моҳе 1 155 000 сӯм;
    – миқдори ҳисоби базавӣ – моҳе 375 000 сӯм муқаррар карда шавад.
  3. Хароҷоти ба баланд бардоштани музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷавӣ, миқдори нафақа ва кӯмакпулиҳо алоқаманд аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатӣ ва Фонди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати иқтисодиёт ва молия пӯшонда мешавад.
  4. Ба кормандон тавсия дода шавад, ки музди меҳнат­ро мувофиқи миқдори ҳадди ақалли музди меҳнат зиёд намуда, пардохти музди меҳнатро на кам аз миқдори ҳадди ақалли музди меҳнат, ки бо ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ муқаррар шудааст, таъмин намоянд.
  5. Вазорати иқтисодиёт ва молия, якҷоя бо Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавӣ корро оид ба васеъ равшан намудани мақсад, вазифаҳои Фармони мазкур ва натиҷаҳои пешбинишаванда дар воситаҳои ахбори оммавӣ, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил намояд.
  6. Ҷонишини Сарвазир Ҷ.А.Қӯчқоров барои таъмини иҷрои Фармони мазкур масъул ва ҷавобгар муқаррар карда шавад.
    Баррасии рафти иҷрои Фармони мазкур, ҳамоҳангсозӣ ва назорат аз болои фаъолияти ташкилотҳое, ки барои иҷрои он масъуланд, ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри Тошканд,
12-уми августи соли 2024
.