Ovozi.uz

Қаҳрамонони Ӯзбекистони Нав ба Ватан баргаштанд

Медали тилло
Диёра Келдиёрова (дзюдо, —52 кг)
Улуғбек Рашидов (таэквондо ВТ, —68 кг)
Разамбек Ҷамолов (гӯштии озод, —74 кг)
Ҳасанбой Дӯсматов (бокс, —51 кг)
Абдумалик Халоқов (бокс, —57 кг)
Асадхӯҷа Муйдинхӯҷаев (бокс, —71 кг)
Лазизбек Муллоҷонов (бокс, —92 кг)
Баҳодир Ҷалолов (бокс, +92 кг)
Медали нуқра
Акбар Ҷӯраев (вазнабардорӣ, —102 кг)
Светлана Осипова (таэквондо ВТ, +67 кг)
Медали биринҷӣ
Музаффарбек Тӯрабоев (дзюдо, —100 кг)
Алишер Юсуфов (дзюдо, +100 кг)
Ғуломҷон Абдуллоев (гӯштии озод, —57 кг)

Варзишгарони Ӯзбекистони Нав дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж‑2024 соҳиби 8 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гардида, ба ҷашни 33‑юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз Фаронса бо тӯҳфаи арзанда баргаштанд. Дар ин бозиҳо, ки пурзӯртарин варзишгарони 206 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд, ҳайати кишварамон натиҷаи таърихиро қайд карданд.
Инак, варзишгаронамон ба Ватан баргаштанд. Онҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд намояндагони идораҳои давлатӣ, шаҳрвандон ва падару модарони ғолибони бозиҳои олимпӣ бо тантана пешвоз гирифтанд.
Ғолибону ҷоизадорони олимпиада, иштирокчиён, падару модарон ва хешу табори онҳо дар автобуси кушод нишаста, паи ҳам ба роҳ баромаданд. Одамоне, ки ба пешвози варзишгарони музаффари мо ҷамъ омада буданд, дар канори роҳ саф ороста, дар даст байрақҳо онҳоро бо ғалабаи бузург табрик карданд.
Варзишгарон, ки дар «Париж‑2024» шарафи кишварамонро сазовор ҳимоя карданд, ба назди бинои Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон омаданд. Дар он ҷо Сарвазир А. Арипов, раиси Сенати Олий Маҷлис Т. Норбоева ва як қатор роҳбарону намояндагони идораҳои давлатӣ ба ғолибон ва варзишгарон тӯҳфаҳои Президент — автомобилҳои «Chevrolet Tahoe», «BYD Song Plus Champion (605 км, Flagship)» ва «BYD Song Plus Champion (150 км, Flagship)», калиди хонаҳо ва мукофотпулиҳоро супориданд.
Бояд гуфт, ки ҳайати мо бо нишондод — ба даст овардани 13 медал дар ҳисоби медалҳо дар байни 206 кишвари ҷаҳон сазовори мақоми 13‑ум шуд. Мо дар қитъаи Осиё чаҳорум шудем ва дар миёни кишварҳои ИДМ, минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин кишварҳои узви ҳамбастагии исломӣ ва Созмони кишварҳои туркӣ ҳайати Ӯзбекистон мақоми аввалро гирифт.
Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж‑2024 натиҷаҳои воқеан таърихӣ ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, варзишгарони мо бори аввал дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба дараҷаи рекордӣ медали тилло ба даст оварданд, боксчиён бо 5 медали тилло дар ҳисоби даставӣ аввалин шуданд. Бори аввал дар таърих дзюдочиёни Ӯзбекистон 3 медал ва таэквондочиён 2 медали Бозиҳои олимпиро ба даст оварданд. Намояндагони Ӯзбекистон дар ин бозиҳо дар барномаҳо, аз қабили футбол, шиноварӣ, камонварӣ ва гӯштини занона нахустин бор ширкат варзиданд.
Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон ба Сарвари давлат ва ҳукумат барои фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳайати мо дар ҷараёни бозиҳо, ба ҳамаи ҳамватаноне, ки дар мусобиқаҳои муҳим варзишгарони моро дастгирӣ намуданд, инчунин, ба дастаи мунтахаб изҳори сипос намуда, мухлисон ва ҳамаро бо чунин натиҷаҳои таърихӣ самимона табрик гуфт.