Ovozi.uz

Спорт — кафили зебоиву саломатӣ

Солҳои охир дар мамлакатамон ба тарбияи ҷисмонӣ ва спорт эътибори калон дода мешавад. Дар ҳар маҳалла майдончаҳои спортии бачагон ташкил мекунанд.
Бо давутозу муроҷиатҳои зиёди фаъолони маҳаллаи Чамани ноҳияи барои майдончаи спортии бачаҳо 0,08 гектари замини қисмати охири гармхона, ки он ҷоро оби ҷӯю боронҳои сел зер мекард, ҷудо гардид. Мо бо ҳамроҳии раиси собиқи маҳалла Ф. Шарофов барои ёрӣ ба идораҳои дахлдори ноҳия муроҷиат намудем. Мувофиқи дархости мо каме маблағ ҷудо карданд. Аз корхонаи «Стеклопластик», ки роҳбараш депутати Шӯрои вилоят Ӯктам Саидмуродов буд, 8 намуди тренажёр, тӯб ва тахтаи баскетбол гирифтем. Ба тариқи ҳашар майдончаро бунёд намудем. Танҳо корҳои бетонрезии дохиливу берунии майдонча ва чими сунъӣ монд. Ба ин нигоҳ накарда, дар майдон бачаҳо бозии худро сар карданд. Рӯзе то 100–120 нафар бачагон аз маҳаллаҳои гирди атроф омада, бо машқҳои варзишӣ ва бозӣ машғул мешуданд.
Дар соли 2023 корҳои боқимондаи майдончаи спортии бачагон — чароғонсозӣ, бетонрезӣ, чими сунъӣ ва ҷо ба ҷо гузоштани тренажёрҳо ба охир расонида шуд. Акнун хурсандии бачагон ҳадду канор надорад. Онҳо аз пагоҳии барвақт то бегоҳӣ вақти холии худро дар ин ҷо мегузаронанд.
Фарқи майдончаи спортии бачагони маҳаллаи Чаман аз дигар майдончаҳо дар он аст, ки бачаҳо озод бозӣ мекунанд. Дигар чунин майдончаҳои атроф соҳиб дораду ҳар соаташ пулакӣ аст.
Занону мардони маҳаллаи Чаман ва гирду атрофи он ҳам ба ин ҷо омада медаванд, гаштугузор мекунанд ва дар тренажёрҳо саломатии худро пойдор мегардонанд.
Умед дорем, ки дар оянда аз байни бачагон ва ҷавонони маҳалла варзишгарони маъруф ва чемпионҳо мебароянд.

Раҳматилло ШАРИФЗОДА,
ноҳияи Самарқанд