Тандурустӣ
Солҳои охир бо ташаббус ва дастгирии сарвари давлатамон дар роҳи ҳифзи саломатии аҳолӣ корҳои ибратбахш амалӣ мешаванд.
Мутобиқи Фармони Президент «Дар бораи стратегияи Ӯзбекистон — 2030» ҷамоаи аҳлу тифоқи Иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд дар самти беҳсозии хидматрасонии Тиббӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд. Инак, дар оғози Соли нав бо мақсади ошноӣ бо фаъолият ва нақшаҳои табобатхонаи мазкур бо сардухтур, доктори фанҳои тиб Аҳмадҷон БОБОҶОНОВ суҳбат оростем.
Ӯ дар оғози мулоқот изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дорад ва тавре Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ва халқи кишвар дар назди, Вазорати тандурустӣ ва умуман шифокорон вазифа гузошт, ки ба мақсади беҳдошти сифати хидматрасонии тиббӣ, дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони соҳаи мазкур тадбирҳои мушаххас андешанд. Иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд низ вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ бо хидмати баландихтисос ва ҷиҳати ворид кардани усулҳои муосири ташхису табобат, технологияи инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ кунанд.
— Шабакаҳои муассисаи табобатӣ 21‑то буда, мо ба беш аз 600 ҳазор нафар аҳолии шаҳр ва бархе аз манотиқи ноҳияҳои вилоят хидмати тиббӣ мерасонем, — гуфт А.Бобоҷонов. — Танҳо соли 2023 қариб ба 52 ҳазор нафар хидмати беминнат расонда шуд. Зиёда аз 40 ҳазор нафар ройгон табобат гирифтанд. Дар тасарруфи мо 1068 кати статсионарӣ мавҷуд буда,1183 нафар духтурони соҳибихтисос ва 2524 корманди миёнаи тиббӣ кору фаъолият доранд.
Аксари ходимони тиббии мо таҷрибаи хуби корӣ доранд. Онҳо беморонро на танҳо бо доруву дармон, инчунин бо табассуму суханони хуш табобат мекунанд. Ҷарроҳон Суръат Азимов, Уйғун Раҳмонов, анестезиолог, собиқ сарбози байналмилал Ҳабибулло Муртазоев, кардиолог Азиза Набиева, мудири шуъбаи бачагон Шоира Нуруллоева, терапевт Субҳия Очилова, мудири таваллудхонаи рақами якум Владимир Ким, роҳбари поликлиникаи рақами 12 Дилбар Собирова, мудири шифохонаи бемориҳои сироятӣ Роҳила Бадалова ва дигарон бо кори неку номи нек ба ҳурмату эҳтироми умум сазовор гардидаанд.
— Дар самти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак чӣ гуна дигаргуниҳо рӯй доданд?
— Дар олам шахси азизу меҳрубонтаре аз модар нест. Вуҷуди мо аз ӯст. Боиси хушнудист, ки Сарвари давлат барои ҳифзи саломатии модару кӯдак дар назди мо вазифаҳои нав ба нав мегузорад. Танҳо соли равон 126 ҳазору 817 нафар бонувонро аз назорати тиббӣ гузаронида, 47 ҳазору 263 нафарашон дар асоси муайян гардидани хастагӣ табобат карда шуданд.
— Дар соли нав чӣ гуна дигаргуниҳо ба нақша гирифта шудаанд?
— Дар соли 2024 шумораи аҳолии шаҳри Самарқанд аз як миллион нафар хоҳад афзуд.
Дар соли нав нақшаҳои нав дорем. Аз ҷумла, боз ду поликлиникаи оилавӣ, дар мавзеи Қаросув маҷмӯаи таваллудхонаи замонавӣ барои 200 нафар, шабакаи шаҳрии «ёрии таъҷилӣ» ба истифода супурда мешаванд…
Зоҳир ҲАСАНЗОДА
