Ovozi.uz

Обуҳавошиносон сардии ғайримуқаррариро дар Муғулистон пешгӯӣ карданд

Сардии ғайримуқаррарӣ қисми зиёди қаламрави Муғулистонро фаро мегирад. Дар ин хусус рӯзи сешанбе Институти обуҳавошиносӣ ва мониторинги муҳити зисти ин давлат хабар додааст, хабар медиҳад агентии иттилоотии «Синхуа».

Мувофиқи маълумоти обуҳавошиносон, аз 13 январ сутуни термометр дар баъзе ҷойҳо то 38 дараҷа аз сифр паст мефарояд.

Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон аз ронандагон даъват намудааст, ки дар роҳҳои деҳот бо сабаби тӯфонҳои шадид ва ноаёнӣ бодиққат бошанд ва кӯчмандони чорводор дар чарогоҳҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Одатан, зимистонҳо дар Муғулистон дароз ва сард мебошанд. Ҳарорати ҳаво метавонад аз 25 то 45 дараҷа хунук шавад.