Ovozi.uz

Маскане, ки дар эътибор ва эътирофи дунё аст

Руҳи Ӯзбекистони Нав

Як сол пеш — дар оғози соли 2025 Президентамон ба Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон ташриф овард ва дар бораи истифодаи лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионӣ дар экспозитсияҳои марказ, ки беш аз 2000 нафар олимони маҳаллӣ ва хориҷӣ таҳия кардаанд, тавсия ва супоришҳо дод. Ин ба маънои ҳақиқӣ ташрифи таърихӣ шуд. Бинои марказ дар давоми як соли гузашта пурра қад рост кард. Барои такмили фаъолияти марказ, ба корҳои ғанӣ гардонидани контенти он мутахассис ва дизайнерҳои зиёда аз 40 мамлакат сафарбар гардиданд.
Роҳбари давлатамон дар моҳи сентябри соли 2025 аз минбари баланди СММ маълумот дод, ки дар Ӯзбекистон Маркази тамаддуни исломӣ сохта ва ба истифодабарӣ супурда мешавад. Бояд таъкид кард, ки дар даври гузашта контенти дохилӣ боз ҳам ғанӣ гардид. Марказ ба маскани бетакроре табдил ёфт, ки ҳамеша дар эътибори аҳли ҷаҳон аст. Имрӯзҳо меҳмонҳои баландмартаба, роҳбарони давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки аз гӯшаҳои гуногуни дунё меоянд, бо фаъолияти марказ, тамаддунҳо, лоиҳаҳои илмӣ роҷеъ ба шахсҳо ва кашфиётҳо аз наздик шинос мешаванд ва ин ҳақиқатро баръало эътироф менамоянд.
Имрӯз дунё даври тағйироти амиқи сивилизатсиониро аз сар мегузаронад. Рушди технологӣ аз дарки ахлоқӣ пеш меравад, инқирозҳои глобалӣ аз задухӯрдҳои геосиёсӣ то гум кардани худшиносии маданӣ — масъалаи ба мулоқот қодирии инсониятро беш аз пеш ба рӯзнома мегузорад. Дар лаҳзаҳое, ки дин дар бисёр ҳолатҳо ба воситаи моҷароҳо ва маданият ба хати тақсимот табдил меёбад, эҳтиёҷ ба мулоқоти сивилизатсионӣ, ба платформаҳои наве пайваста меафзояд, ки ба баргардондани моҳияти асл ва бунёдкоронаи он қодир аст. Дар чунин паллаи таърихӣ — дар адл маркази Евроосиё — замине, ки тамаддун ва салтанатҳои бузург ба вуҷуд омадаанд, дар тӯли ҳазорсолаҳо роҳҳои савдо, динҳо, мактабҳои илмӣ ва маданиятҳо пайваст шудаанд, макони ноёби навъи нав — Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон ба дунё омад. Барпо шудани он тасодуфан ва маҳсули лоиҳаи популистие низ нест. Ин ифодаи бевоситаи ҷаҳонбинии стратегии Президенти Ӯзбекистон аст.
Президентамон дар соли 2017 аз минбари СММ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, ёдрас кард, ки барои дар таърихи ҷаҳон барқарор намудани мавқеи аслии тамаддуни исломӣ, асоси дини муқаддаси исломро ташкил намудани маърифат, илму фан ва арзишҳои инсонпарварӣ, танҳо бо қувваи дониш ва маданият мумкин будани ғалаба бар экстремизм ва ҷаҳолатро набояд фаромӯш намуд.
Саркотиби СММ Антониу Гутерриш дар рафти ташрифи худ ба Маркази тамаддунии исломӣ ҳангоми сохтмони он ба самти ин кор баҳои баланд дод ва гуфт, ки «Президент Шавкат Мирзиёев — роҳбари бузург ва бонуфуз, вай аз минбари олии СММ ғояҳои мулоқот, маърифат ва ҳурмати байниҳамро пайваста ба миён мегузорад». Ин суханҳо ҳақиқатеро акс мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кайҳо дарк намудааст. Бо роҳбарии Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистон на ба диёре, ки дар канори таърих мондааст, балки ба яке аз бунёдкорони фаъоли он табдил ёфт.
Дар навбати худ муроҷиати Президенти мо аз минбари СММ барои марказ на танҳо чун иншооти меъмории бузург, балки дар миқёси ҷаҳон ба сифати модели мутлақо нави гуманитарӣ чун пойдевори зеҳнӣ ва илмӣ хизмат кард. Дар доираи ин модел Ислом ба воситаи таърихи тамаддунҳои бузург намоён мешавад: айнан дар оғӯши ҳамин тамаддунҳо инқилобҳо рӯй додаанд, донишгоҳ ва академияҳо, китобхона ва лабораторияҳо барпо гардидаанд, асосҳои илмии ҷустуҷӯйҳо дар тиббиёт ва фалсафа, санъат ва илм гузошта шудаанд ва замири зеҳнии дунёи замонавӣ ташаккул ёфтааст.
Ба туфайли иродаи шахсии сиёсӣ, нигоҳҳои стратегӣ ва сарварии пайвастаи Президенти Ӯзбекистон ғояи барпо намудани Маркази тамаддуни исломӣ ҳақиқатан ҳам аз ҷиҳати миқёс, васеии мазмуну моҳият ва аҳамияти байналмилалӣ дар формати мислаш надида амалӣ шуд. Бар асоси музейи ҷавобгӯи талабҳои даври нав, маҷмааи ноёби сивилизатсионӣ бунёд гардид, ки инфрасохтори илмӣ-тадқиқотии пешқадам, китобхонаи замонавитарин, сохтори бойгонии миллӣ ва байналмилалӣ, ки рушди тамаддунҳои Осиёи Марказиро фаро гирифтааст, шабакаҳои васеи технологияҳои рақамии гуманитарӣ ва ҳамкориҳои глобалии илмӣ-фарҳангиро муттаҳид намудааст.
Ба ин лоиҳа Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-­Ҷомарт Тоқаев низ баҳои баланд дод ва чунин гуфт: «Ин як иншооти нодир ва бузург аст. Дар асл ин лоиҳаи илмӣ, сайёҳӣ ва этномадании барҷастае мебошад. Ман фикри Президенти Ӯзбекистонро дастгирӣ мекунам: «Маркази тамаддуни исломӣ дар ин ҷо, яъне дар Тошканд мумкин ба майдони умумие табдил ёбад, ки дар он дар соҳаи хеле муҳим корҳои илмӣ тадқиқотӣ пеш бурда мешаванд».
Ба гуфтаи экспертҳои ҷаҳонӣ Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон танҳо як инфрасохтори маъмулӣ ё рамзи сиёсати фарҳангӣ нест. Ин посухи бошууронаи мадании сарвари Ӯзбекистон ба даъватҳои глобалии муосир мебошад. Ин дар таърихи олами ислом лоиҳае аст, ки дар чунин миқёси калон барои мулоқоти ҳақиқӣ дар байни тамаддунҳо ба сифати платформае офарида шуд, ки ба таври доимӣ амал мекунад.
Дар асл Ӯзбекистон бори аввал дар таърих ба зиммаи худ миссияи фарҳангӣ ва таърихиеро гирифт — ба нодуруст талқин намудани мафҳуми дини ислом ва тамаддуни ислом бо сафсатаи анъанавӣ, баёнотҳои форум ва конференсияҳои байналмилалӣ не, балки бо бунёди макони амалкунандаи зеҳние барои зид истодан миён баст.
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ин маъноро амиқ ифода намуда, чунин таъкид кард: «Ба Маркази тамаддуни исломӣ, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон барпо гардид, ташриф оварда, мо бори дигар садоқати самимии роҳбарияти мамлакатро ба ҳифз ва тарғиб намудани арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии ғании халқи ӯзбек дидем. Дар баъзе мамлакатҳо дар шароите, ки ҳуҷумҳо нисбати дини мо пурзӯр мешаванд, исломофобия бошад, тарзи сохтори мегирад, кушодани Маркази тамаддуни исломӣ аҳамияти алоҳида касб мекунад. Маркази мазкур ба тамоми дунё дини бунёдкорӣ, гуманизм, фарохдилӣ, дӯстӣ ва бародарӣ будани исломро баръало нишон медиҳад».
Коршиносон ва сиёсатмадорон бо як овоз таъкид мекунанд, ки лоиҳаи мазкур ба сипаре табдил ёфт, ки бо қувва не, бо дониш барои ҳимояи гуманитарӣ бар зидди радикализм ва вайрон карда нишон додани қиёфаи ислом офарида шудааст.
Баргардондани мероси маданӣ барои фаъолияти марказ аҳамияти алоҳида дорад.
Бо супориши Президенти Ӯзбекистон механизмҳои махсуси давлатӣ ва дипломатӣ таъсис дода шуданд, ки он ба марказ имконияти роҳандозии ҳамкории маҷмӯӣ бо хонаҳои бузургтарини ауксионӣ — Sothebe›s, Christies, Bonhams, инчунин сохторҳои музейӣ ва коллексионерҳои хусусиро дод. Дар натиҷа, ба мамлакатамон тахминан наздик ба ду ҳазор артефактҳои нодир баргардонда шуданд. Дар байни онҳо дастхатҳои Ибни Сино, асарҳои Берунӣ, миниатюраҳои даври темуриён, дурдонаҳои санъати исломӣ ва дигар ёдгориҳои беқиёсе ҳастанд, ки онҳо даҳҳо сол, ҳатто дар давоми асрҳо берун аз ҳудуди Ватанамон маҳфуз буданд.
Ин на танҳо барои ғанӣ гардондани экспозитсияҳои музейи бузург аст, балки бозгардонидани хотираи тамаддунии Осиёи Марказӣ ва ифодаи барқарор намудани адолати таърихӣ дар амалиёти ҳақиқӣ мебошад.
Аз ин нуқтаи назар, Президенти Ҷумҳурии Парагвай Сантяго Пеня ҳангоми шиносоӣ бо экспозитсияҳои марказ ҳайрати худро пинҳон накард: «Шиносоӣ бо экспозитсияҳои Маркази тамаддуни исломӣ ба ман таассуроти хеле пурқувват гузошт. Бисёр дастовардҳои илмӣ ва маданӣ, ки барои рушди тамаддуни инсоният ҳиссаи беқиёс гузоштаанд, бори аввал айнан дар ҳамин замин ба вуҷуд омадаанд. Мутаассифона, на ҳама медонад, ки асарҳои аввалини фундаменталӣ дар соҳаҳои алгебра, тиб ва фанҳои дигар айнан дар ҳамин замин пайдо шудаанд. Ин ташриф ба ман илҳом дод ва боварии маро ба соҳиби салоҳияти бузург будани Ӯзбекистон мустаҳкам кард. Таърихи Ӯзбекистон дар ҳақиқат ҳам ноёб мебошад».
Ин суханҳо эътирофи он аст, ки мамлакатамон ба туфайли сиёсати Ӯзбекистони Нав бори дигар бо ҷаҳон ба забони таърихи ҳақиқии худ сухан гуфтанро оғоз намуд.
Ба фикри коршиносон ва сарварони сиёсӣ, Президенти Ӯзбекистон танҳо бо барқарор намудани гузашта ва дарки имрӯз маҳдуд нашуда, ояндаро бо мақсад пайваста ташаккул медиҳад. Бинобар ин Маркази тамаддуни исломӣ аз аввали оғози фаъолият ба сифати сохтори ба тарзи динамики ривоҷёбанда — платформаи байналмилалии миллӣ, медиамайдон, нашриёт ва маркази таълим ба вуҷуд омад. Дар ин ҷо насли нави исломшиносӣ, технологияҳои пешқадами музей ва самтҳои нави дипломатияи замонавии маданӣ ташаккул меёбанд.
Президенти Ҷумҳурии Финляндия Александр Стубб пас аз ташриф ба марказ чунин гуфт: «Росташро гӯям, ман дар ин ҷо дар ҳақиқат ҳам дар гирдоби таассуротҳои мислаш надида мондам. Ҳар як экспозитсия, ҳар як зал, ҳар як тафсилотро амиқ ва пухта фикр кардаанд. Таърихи сеҳазорсоларо ба авлоди имрӯза ба чунин формати замонавӣ, таъсирнок ва боварибахш расонидан санъати дараҷаи баланд ва маҳорати калонро талаб мекунад. Маркази мазкур на танҳо мероси асрҳои гузаштаро эҳё ва дарк кард, балки барои авлодҳои оянда ба манбаи илҳом табдил дод. Аз ҳама беш экспозитсияҳои интерактивӣ ва технологияҳои инноватсионӣ хеле таъсирнок — онҳо ба ростӣ, ки ҷавононро ба худ мекашанд. Дар ин ҷо таърихро намехонанд — онро эҳсос мекунанд. Дар муҳите, ки офарида шудааст, илоҷи бепарво будан ё ки зиқ шудан нест. Ҳар саҳна, ҳар аксенти равшанӣ, ҳар тафсилот маънои худ ва мантиқи бадеӣ доранд. Ман ин марказро бо миннатдории самимӣ, ҳурмати амиқ ва эҳсоси ҳайрат тарк мекунам».
Имрӯз баръало намоён мешавад, ки Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон барои дунёи муосир ба сифати маркази зеҳнӣ зина ба зина ташаккул меёбад.
Дар даврҳои мухталифи таърихӣ Байт-ул-ҳикма дар Бағдод, Академияи Маъмуни Хоразм ва мадрасаи Улуғбек дар Самарқанд чӣ хел аҳамият дошта бошанд, марказ низ имрӯз ба чунин макон табдил меёбад — он на танҳо макони нигаҳдорӣ ва ҷамъоварии илм, балки манзилест, ки муҳити муайянкунандаи самти рушди зеҳнӣ ва маънавии тамаддунҳо мебошад.
Вале дар даври ҳозираи таърихӣ фаъолияти марказ вазифаҳои баланд ва бузургро дарбар мегирад. Агар қаблан чунин марказҳои илмӣ дар доираи давр ва фарҳанги худ ташкил ёфта, ғояҳо дар давоми асрҳо ба воситаи дастхатҳо, тарҷимаҳо ва наслҳо оҳиста паҳн шаванд, имрӯз Президентамон аз рӯзҳои аввал ташаккули Маркази тамаддуни исломиро ба сифати мегаплатформаи кушода, таълими глобалӣ ва гуманитарӣ пешбинӣ намудаанд.
Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон институти навъи тамаддунии хоси асри XXI мебошад. Дар ин ҷо дониши таърихӣ бо технологияҳои рақамӣ ҳамоҳанг мешаванд, дастхат ба манбаи глобалӣ табдил меёбад, музей шабеҳи лабораторияи илмӣ мешавад, мероси миллӣ бошад, ба мезони умумиинсонии мулоқоти байналмилалӣ, дарки ҳамдигар ва бунёдкорӣ табдил меёбад.
Ҷоиз аст мақолаи мазкурро бо суханони Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич анҷом диҳем: «Ман қаблан маркази шабеҳи инро дар ҳеҷ куҷо надидаам. Маркази тамаддуни исломӣ бо услуби ниҳоят замонавӣ ва зебо офарида шудааст. Ман имрӯз хеле бисёр чиз омӯхтам ва албатта, ба ин ҷо боз бармегардам. Ба ҳамаи ҳамватанони сербиягиам чунин мегуфтам: «Азизонам, ман хатои хеле калон кардаам, чунки пештар ба ин мамлакат ҳеҷ вақт наомадаам. Илтимос, ба қадри имкон зудтар барои дидани Ӯзбекистон биёед».

Фирдавс АБДУХОЛИҚОВ, директори Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон
Аз рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон» (29.01.26, № 19) тарҷумаи Тошқул АЗИМОВ.