Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф рӯзи 25-уми феврал бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон омад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Тошканд меҳмони олимартабаро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олимартаба парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар барафрошта шуда, посбони фахрӣ саф орост.
Баъдан ҳайати Покистон ба боғи «Ӯзбекистони Нав» раҳсипор шуд.
