Дар кампуси вилоятии мактаби технологияҳои рақамиии «School 21» бо ташаббуси Вазорати технологияҳои рақамӣ, «IT Park»-и Самарқанд ва Маркази рушди таълими рақамии вилояти Самарқанд чорабинии нахустин идеатони имсола баргузор гардид.
Ин чорабинӣ бо мақсади зиёд намудани донишҳои соҳибкории мутахассисони ҷавон, ба воситаи технологияҳо имтиҳон кардани ғояҳои онҳо ва пайдо намудани ҳалли муаммоҳои муҳим гузаронида шуд. Иштирокдорон дар давоми идеатон дар муддати кӯтоҳ ғояҳо офариданд, консепсияҳо таҳия карданд ва ҳаётӣ будани онҳоро санҷиданд.
Шунавандагони таълими асосии «School 21», донишҷӯёни филиали Донишгоҳи технологияҳои ахбории Тошканд дар Самарқанд ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов дар давоми рӯз оид ба ҳалли муаммоҳои иҷтимое, ба мисли мубориза бар зидди камбизоатӣ, таъмини таълими босифат, баробарии гендерӣ, ёрӣ ба рушди иқтисодӣ ғояҳо пешниҳод карданд. Иштирокчиён кӯшиш карданд, ки роҳҳои ҳалли худро таҳия кунанд, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳо, аз қабили беҳбуди зиндагии мардум ва таъмини субот дар ҷомеа, бо истифода аз технологияҳои муосир мусоидат кунанд.
— Стартапҳо муҳаррики иқтисодиёт мебошанд, — гуфт директори иҷрочии мактаб Зарина Лухманова. — Аммо барои бомуваффақият шудани стартап, танҳо ғоя кофӣ нест, балки инчунин донистани чӣ гуна бастабандӣ, озмоиш ва таҳия кардани он низ зарур аст. Боварӣ дорам, ки чунин чорабиниҳо ба мутахассисони ҷавон ба воситаи фароҳам овардани воситаҳои зарурӣ барои омӯхтан ва санҷиши ғояҳо барои боэътимод ба пеш ҳаракат кардани онҳо кумак медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола ҳазорон нафар ҷавонон дар курсҳои ройгони технологияҳои иттилоотӣ дар «ҳавз»-ҳои тахассусии «School 21» қувваи худро месанҷанд ва иштирокчиёни шуҷоатманд ба таълими ибтидоӣ дохил мешаванд. Мо мехоҳем, ки онҳо бидонанд, ки «School 21» ҳамеша омода аст, ки ғояҳои онҳоро дастгирӣ кунад, инкишоф диҳад ва дар татбиқи онҳо кумак кунад.
Дар охири идеатон муаллифони ғояҳои беҳтарин тӯҳфаҳои хотиравии ташкилотчиён, инчунин имкони муаррифии лоиҳаҳои худ дар платформаҳои IT Park Samarkand ва аз «School 21» имтиёзи иштирок дар инкубатор ва хакатони Осиёи Марказиро гирифтанд.
— Дар ин рӯзҳо кӯдаконро ба хондан ҷалб кардан душвор аст, аз ин рӯ мо EduVerse-ро таъсис додем, — гуфт муаллифи ғояи EduVerse Шаҳзод Исматуллоев. — Истифодаи зеҳни сунъӣ раванди омӯзишро ҷолибтар мекунад. Мо нақша дорем, ки ин лоиҳаро дар оянда боз ҳам инкишоф диҳем.
Идеатон ба ман воситаҳои арзишманд барои кор дар стартапро дод. Имрӯз ман фаҳмидам, ки на танҳо ғояҳоро пеш гирифтан, балки инчунин тафтиш кардани талаботи бозор ба онҳо низ зарур аст.
Ҳасан Сулаймонӣ
