* 9-уми май — Рӯзи хотира ва қадршиносӣ
Сарвари давлатамон 19‑уми феврали соли равон фармон «Дар бораи ҳавасмандгардонии иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ» ва қарор «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили 80‑солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва Рӯзи хотира ва қадршиносӣ»-ро ба имзо расонда буд.
Дар фармон муқаррар карда шуда буд, ки ба хар як иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба маблағи 10 ҳазор доллар мукофоти пулӣ, ба ҳар як шахсони бо иштирокдорони ҷанг баробаркардашуда 25 миллион сӯмӣ ва ба ҳар як иштирокчии фронти меҳнатии солҳои ҷанги 1941–1945 3 миллион сӯм мукофотпулӣ дода мешавад.
Пас аз чанд рӯз бошад, бо фармони Президент медали ҷашнии «80‑солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ» таъсис ёфт.
Он вақт дар вилояти Самарқанд 4 нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва 263 нафар собиқадорони фронт умр ба сар мебурданд.
Мутаассифона, бо гузашти беш аз ду моҳ шумораи иштирокчиёни ҷанг боз ба ду нафар ва собиқадорони меҳнати пешқадам ба 11 нафар кам шуд.
Бӯрон Гадоев ва Аҳад Очилов — имрӯз дар Самарқанд шоҳидони зиндаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳастанд, инсонҳое, ки он солҳои душворро дар тақдир ва ҷисми худ эҳсос кардаанд, ду асрро дидаанд ва ба аср баробаранд.
— Дар ин рӯзҳо дар муассисаҳои таълимӣ, маҳалла ва корхонаю ташкилотҳои вилояти мо таҳти шиори «Қаҳрамонӣ дар роҳи ободонӣ, сулҳ ва ҳимояи Ватан фаромӯш нахоҳад шуд!» Рӯзи хотира ва қадрдонӣ, инчунин 80‑умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таҷлил мегардад, — гуфт Шӯҳрат Неъматов, раиси бахши Бунёди «Нуронӣ» дар вилояти Самарқанд. — Ба муносибати сана дар ҷойҳои гуногун вохӯриҳо бо намояндагони насли калонсол ва чорабиниҳои маънавию маърифатӣ баргузор мегарданд. Ба калонсолон эҳтироми хоса зоҳир карда мешавад. Дар асоси қарори Сарвари давлат барои расонидани хизмати тиббӣ ва ғамхорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кормандони соҳаи тиб вобаста карда шуда, хизмати доимии сарпарастӣ таъсис дода шуд. Ба онҳо агар хоҳиш дошта бошанд, ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ роҳхатҳои бепул дода мешавад, ки дар он ҷо бо як ҳамсафари худ истироҳат карда метавонанд. Мо фардо ё пас аз фардо дар асоси фармони Сарвари давлат ба собиқадорони худ мукофотҳои пулӣ ва медали хотиравии «80‑солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ», номаи табрикӣ ва туҳфаҳои арзишманди сарвари давлатамонро тақдим хоҳем кард.
Ш.Кенҷаев
