Ovozi.uz

Шеъраш ба дили пиру ҷавон гашта даво…

Ба муносибати 75-солагии шоира Хосият Бобомуродова

Хосият Бобомуродова соли 1950 дар деҳаи Оқравоти ноҳияи Хатирчӣ таваллуд шудааст. Донишкадаи давлатии педагогии Тошканд ба номи Низомиро хатм кардааст. Бисёр китобҳои шеърии шоира дастраси хонандагон гардидаанд. Ҳамчун шоири таронасаро низ шинохта шудааст.

Хосият Бобомуродова Ходими хизматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, соҳиби медали «Шуҳрат» ва ордени «Меҳнат шуҳ­рати» мебошад.

Девона гашта бошад

Моро биҷуста имрӯз девона гашта бошад,
Бо шубҳаю гумонҳо ҳамхона гашта бошад.

Дар гӯшае фурӯзон гар гашта шамъи умед,
Атрофи он давида парвона гашта бошад.

Бо Ҷомию ба Лутфӣ гашт ошно Навоӣ,
Гар дарди дил набошад, бегона гашта бошад.

Дар дуриҳо надонад хуниндилии моро,
Дар роҳи ман ду чашмаш гирёна гашта бошад.

Бо айшу бо фароғат ҷуфт аст дилбари ман,
Гуфта ба оҳу ҳасрат якдона гашта бошад.

Бар васл карда муштоқ чашмони дурбинаш,
Ин қалби Хосият ҳам вайрона гашта бошад.

Ҳар дуи мо

Додӣ, Худо, чаро ту як ҷон ба ҳар дуи мо,
Як ҷо шудан надодӣ имкон ба ҳар дуи мо.

Боди сабо фиристӣ бар он, ки ин нахоҳад,
Бифристӣ сели ғайбат, бӯрон ба ҳар дуи мо.

Занҷирбанд кардӣ ду дил ба ҳукми қисмат,
Додӣ раво ту зулмат, зиндон ба ҳар дуи мо.

Розӣ будем як ҷо зиндонӣ созӣ моро,
Кардӣ ҷудо-ҷудоӣ фармон ба ҳар дуи мо.

Дар тӯли асри афзун рӯзе магар набуда,
Додӣ сиёҳ он рӯз осон ба ҳар дуи мо.

Ҳамҷо дида кушода, эй Хосият, надидем,
Пӯшон чашм як ҷо, қурбон ба ҳар дуи мо.

Гиря бинмо

Гиря кун, дил, гиря кун, дил, гиряро афзун савоб,
Дафтари ғам боз гардад, пур шавад, ин фаслу боб.

Айби ман бошад вафо бинмудану ҷустан вафо,
Ин забонам лолу доим бевафо ёбад ҷавоб.

Кардаам ҳамдард бо худ, кардаам ман ғайр дӯст,
Кам шумори дилнишот, афзун шумори дилкабоб.

Дар гумонам ғам фурӯ бурдам ба танҳоии худ,
Соқии андуҳу ғамҳо, ҷоми ту пур аз шароб.

Шод будам, дидаамро нур бахшад ҳамчу шед,
Шишаи бишкастае он, ваҳ, чӣ сон афзун шароб!

Қасди бисёре диламро бозувонам зӯр дод,
Хосият, ҳаддат бидон, дунёи мо пур аз савоб.

Тарҷумаҳои Асадулло ИСМОИЛЗОДА.